Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИМА омодааст, ба хотири Брансон зидди Туркия таҳримҳои нав эълом кунад

ИМА омодааст, ба хотири Брансон зидди Туркия таҳримҳои нав эълом кунад

17-08-2018, 08:58
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
ИМА омодааст, ба хотири Брансон зидди Туркия таҳримҳои нав эълом кунад
Агар Анқара руҳонии амрикоӣ Эндрю Брансонро озод накунад, ИМА омодааст, зидди Туркия таҳримҳои иловагӣ эълом кунад. Ба иттилои Bloomberg, ин нуктаро вазири молияи Амрико Стивен Мнучин баён дошт.

Брансон беш аз 20 сол буд, дар Туркия кору зиндагӣ мекард. Анқара ӯро ба даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатии Туркия дар тобистони соли 2016 айбдор мекунад. Додситон барои руҳонӣ 35 соли зиндонро талаб дорад.

ИМА ибтидои моҳи август зидди раҳбарони вазоратҳои умури дохилӣ ва адлияи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Ба гуфтаи Вашингтон, ин ду нафар дар таъқиби руҳонӣ даст доранд. Вуруди вазирони турк ба ИМА манъ шуд. Анқара низ посухи ҳамсон дод.

Додгоҳ 15 август раҳоии Брансонро аз ҳабси хонагӣ рад кард.

Вашингтон 10 август боҷи гумрукии оҳан ва алюминийи Туркияро афзоиш дод. Дар натиҷа қурби пули миллии ин кишвар то ба сатҳи рекордӣ поин рафта, аз аввали сол тақрибан 45 дарсад қурбашро аз даст дод. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бо таҳдиди манъи воридоти электроникаи амрикоӣ гуфт, "дӯстони дигар" меҷӯяд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: