Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

АҲДОФИ ШУМ

17-08-2018, 08:48
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
АҲДОФИ ШУМ
Баъд аз оне, ки соли 2015 аҳдофи шуму хиёнати ҲНИ, ки ҳадафи табаддулоти давлатиро доштанд, ба ҷомеаи Тоҷикистон ба таври шоиста намоён гардид, ин таҷовузпешагон роҳи фирор гирифта, дар кишварҳои сарпарасти терроризм пинҳон шуданд. Аммо қабл аз ин таҳаввулот миёни аъзои фаъолу раҳбарони ТТЭ ҲНИ як машварати пинҳоние доир ба ин масъала ва дурнамои фаъолияти ҳизбӣ- сиёсӣ ва ҳарбӣ – низомии ҲНИ ба амал омадааст, ки мубоҳисаву мунозараҳои зиёде дар пай доштааст.
Иддае аз роҳбарони ин ташкилоти террористӣ бар ин будаанд, ки мустақиман бар Ҳукумати Тоҷикистон, ниҳодҳои калидии чун вазоратҳои корҳои дохила, мудофиа, кумитаҳои амният, сарҳадот, гумрук, телевизион ва радио, биноҳои фурудгоҳ, роҳи оҳан ва монанди ин ба чанд нуктаи калидии давлат ҳамла намоянд, аммо иддаи дигар бо он ки тавони низомии муқовимат дар муқобили ниҳодҳои давлатиро надоранд, пешниҳод намудаанд, ки ин равандро аз тариқи ҷангҳои диверсионӣ ва таблиғоти дезинфарматсионӣ анҷом диҳанд.
Ин масъала миёни тими наҳзат хулосаи ниҳоӣ пайдо накарда, ба чунин натиҷа даст ёфтаанд, ки барои ба таври комил ғасби ҳокимият нахуст пояҳои иҷтимоии давлатро суст намуда, дар раванди ин фаъолияти иттилоотӣ-тахрибкорона, ки дар дохили кишвар бояд анҷом мешуд, як даста аз пайравону садоқатмандони ТТЭ ҲНИ ба майдонҳои набарди хориҷа равона шуда, размҳои низомӣ, қатлу куштор, истифодаи анвои мухталифи силоҳ, роҳу усулҳои муборизаҳои мусаллаҳонаро бояд ба таври лозим ва ваҳмоварона аз худ менамуданд. Зеро роҳбарону саркардагони наҳзат хуб дарк намуда буданд, ки дигар мардуми Тоҷикистон ба таври собиқ (солҳои 1990-97) онҳоро эҳтиром намекунанд ва ба онҳо эҳтирому эътиқод надоранд. Ҳатто размандагони собиқашон низ ба наҳзатиҳо бовар надоштанд. Ин воқеият раёсати наҳзатро водор намуд, ки ҷавонони навроҳу содаро ба корҳои низомӣ ҷалб намоянд.
Маҳз ин ҳолат боис гардид, ки сар аз соли 2013 сафарбарсозии ҷавонони тоҷик ба ҳалқаҳои террористию экстримистии кишварҳои хориҷа роҳандозӣ шавад ва дар як муддати кӯтоҳ сели ҷавонони хомандеш ба майдонҳои набарди кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон ҷалб шуданд. ТТЭ ҲНИ бо таъсиси шохаи низомии худ дар хориҷи кишвар мехост, ки баъд аз интихоботи соли 2015 бо панҷаи қавӣ вориди корзори сиёсӣ шуда, дар ҳолати лозим иддаеро аз дохил ва қисми дигарро аз беруни сарҳад ба ғасби ҳокимият равона намояд. Вале дар ҳарду маврид ТТЭ ҲНИ муваффақ ба аъмолу аҳдофи худ нашуд.
Акнун ин ташкилоти зидди тоҷикӣ баъд аз фирори шармандавор бар «кулбаи охират»-и худ худро дар зоҳир паноҳандаи сиёсӣ нишон дода, дар асл аз дили Аврупо истода шохаи низомии худро дар Ховари Миёна ба таҳрик андохта, барои ҷилавгирӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ва муаррифӣ нашудани меҳани азизамон чун кишвари шоиставу сулҳмеҳвар аъмоли диверсионии худро роҳандозӣ карда, мехоҳанд бо қатлу куштор ва террору озори инсонҳо кишварро ноором муаррифӣ намоянд. Воқеаи террористии бар дучархасаворони хориҷӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб, ки бар шаҳодати 4 хориҷӣ боис гардид, далели ин гуфтаҳост. Аммо фаъолияти пурмасъули ниҳодҳои қудратӣ ва талошу маҳкумияти ҷомеаи сулҳпарвари Тоҷикистон аз ин амали нангин бори дигар собит намуд, ки ҳар аҳдофи реша бар хиёнати милливу давлат ва разолати башарият дошта муваффақ нахоҳад шуд ва ҳар оина онро шармандагию табоҳӣ интизор аст.
Искандари Иброн
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: