
Дар асоси супориши протоколии Маҷлиси назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур вохӯриҳо оид ба одоби шаҳрнишинӣ, тозаю озода нигоҳ доштани минтақаи зист, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар доираи қонунҳои миллиамон доир гардид.

Ҳамин тавр, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 бо иштироки Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ - Раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ вохӯрӣ доир карда шуд.