Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқарраршуда бояд амалӣ гардад»

«Забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқарраршуда бояд амалӣ гардад»

6-08-2018, 10:57
Хабарро хонданд: 92 нафар
Назарҳо: 0
«Забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқарраршуда бояд амалӣ гардад»
Дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил ва ба роҳ монда мешаванд. Ташкили ин ҷойҳо, аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Сино дар назди Ҷамъияди дорои масъулияти маҳдуди «Ангара», дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ ва дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11» воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018» ва сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қарори мазкур, масъулин вазифадор гардидаанд, ки бо дарназардошти зичии аҳолии маҳаллаҳо, ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо муқаррар намоянд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: