Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи десантчиён

Таҷлили Рӯзи десантчиён

3-08-2018, 09:52
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи десантчиён
Дирӯз, дар қисми низомии 01972 дастаи 11-уми тирандози савора воқеъ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи десантчиён чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Муминзода Бахтиёр Мумин, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, сардори гарнизони ҳарбии Суғд генерал – майор Назарзода Назар Бадал, мушовири Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизони Суғд генерал-майор Қосимов Аъзам Усмонович, иҷрокунандаи вазифаи прокурори ҳарбии гарнизони Суғд полковники адлия Салимзода Суҳроб Абдуҷаббор ширкат намуданд.
Нахуст аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Муминзода Бахтиёр Мумин бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами ҷангӣ ба қисми ҳарбии 08362 супорида шуд.
Сипас, Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Муминзода Бахтиёр Мумин, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, иҷрокунандаи вазифаи прокурори ҳарбии гарнизони Суғд полковники адлия Салимзода Суҳроб Абдуҷҷабор десантчиёнро бор Рӯзи касбӣ таҳният гуфта, барояшон хизмати софдилона садоқатмандона ба нафъи Ватану миллат даъват намуданд.
Гуфта шуд, ки баталёни алоҳидаи ҳуҷумкунандаи десантӣ 25-уми сентябри соли 1997 дар асоси дастури Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, яке аз баталёни зудамали Қувваҳои мусаллаҳ буда, барои иҷрои вазифаҳои махсусан муҳими ҷангӣ пешбинӣ шудааст ва амалиётҳои гуногуну бисёр пурхатарро дар ҳама ҳолатҳо иҷро менамояд.
Бояд зикр намуд, ки дар давраи фаъолияти худ масъулини қисми низомии 06870 тавонистанд бо меҳру саодати ватандӯстӣ ва масъулияти баланди хизматӣ дар пешрафт ва вусъат бахшидани фаъолият нақши муассир бозанд. Ин аст, ки қисми низомии 06870 «Г» яке аз баталёнҳои асосии бригадаи десантии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба ҳисоб рафта, аз соли 2003-юм инҷониб ба ҳайати Қувваҳои дастҷамъии Осиёи Марказӣ шомил мебошад. Ҳайати шахсии баталён солҳои 2004 ва 2005 дар машқҳои якҷояи давлатҳои Осиёи Марказӣ бо номи «Марз-2004», ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, фаъолона ширкат намуда, сазовори баҳои баланд ва ифтихорномаву сипосномаҳо гардиданд.
Аз ҷониби десантчиён намоишномаҳои ҳарбикунонидашуд, машқи тан ба тан ва амсоли инҳо ба маъраз гузошта шуд.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ»-и вилоят ва қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон пешкаш карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори чорабинии мазкур десантчиёни дигар қисмҳои низомӣ, намояндагони комиссариатҳои якчанд шаҳру навоҳии вилоят ва падару модарони сарбозону афсарон, шоиру нависанда
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: