Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мизи мудаввар

Мизи мудаввар

2-08-2018, 09:21
Хабарро хонданд: 130 нафар
Назарҳо: 0
Мизи мудаввар
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои протоколии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои худ бо мақсади дар сатҳи олӣ таҷлил намудани ҷашни 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, аксияву ҳамоишҳо, чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангӣ ва соатҳои сиёсиро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин замина имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Фаровон”-и ҶСК “Фаровон-К” таҳти унвонӣ “Тақвияти омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Муродалиев Абдурасул ва аъзоёни ҳизб соати сиёсӣ доир гардид.
А.Муродалиев, раиси ташкилоти ибтидои зимни чорабинӣ дар бораи омодагиҳо ва андешидани тадбирҳо ба ҷашни 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлолият он вақт пойдору мустаҳкам мемонад, ки ҳар як сокини бонангу номуси кишвар баҳри корҳои ободонию созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат банданд.
Инчунин, аъзоёни ҳизб низ андешаҳои худро оид ба ҷашни таърихии Истиқлолияти давлатӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон, байён намуданд.
Дар фарҷом раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи сиёсии “Обуна - 2019” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” андешаронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: