Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Изҳороти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба куштори сайёҳони хориҷӣ

Изҳороти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба куштори сайёҳони хориҷӣ

1-08-2018, 08:37
Хабарро хонданд: 137 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амали ваҳшиёна ва террористии гӯруҳи муташаккилонаи ҷинояткорро, ки ба марги 4 нафар сайёҳи хориҷӣ боис гашт, қотеъона маҳкум карда, зимнан ба наздикону пайвандони онҳо изҳори ҳамдардӣ менамояд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор, ки дар навбати аввал ба садама шабоҳат дорад, аз тарафи як гурӯҳи калони ҷавонони тундрав ва ифротӣ ба хотири халалдор кардани амнияту суботи Тоҷикистон махсус тарҳрезӣ шудааст.
Тоҷикон дар ҳама давру замонҳо дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни ҳамҷавории неку мусолиматомез зиндагӣ карда, ҳамеша аз сулҳу субот ва оромиву осоиш пуштибонӣ намудаанд, ки ин асл яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар кишвари мо осмони софу беғубор ва кабӯтарони сафеди сулҳ паруболафшонӣ мекунанд.
Вале ин зархаридони хориҷӣ бо содир кардани нангинтарин амал –куштори одам мехостанд ба оромиву амнияти саросарии мамлакати мо халал ворид намоянд ва ҳадафҳои нопоку ғаразолуди худро дар Тоҷикистон амалӣ созанд. Хусусан, ки имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, Ватани моро ҳамчун кишвари ноамну бесубот нишон диҳанд.
Албатта, тирашон хок хӯрд. Зеро мардуми шарифи тоҷик меваи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро чашидааст ва дигар намехоҳад осудагиву амонии кишварашро аз даст диҳад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мардуми огоҳу бедордил, адибону зиёиён, фаъолону собиқадорон ва пирони рӯзгордида даъват ба амал меорад, ки ҳама гуна амалҳои иғвогаронаи душманони миллатро маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошанд. Зеро иттиҳод рамзи ягона ва пирӯзии миллат аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: