
Санаи 19 июни соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар - машварати кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Чал-Чал” бо бонувон ва ҷавондухтарон вохўрӣ доир карда шуд.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро “соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардааст, бонувон ва модаронрони моро зарур аст, ки баҳри рушди ҳунарҳои миллии маҳалламон дар байни ҷавондухтарон ин ҳунарҳоро сайқал дода, кушиш намоянд, ки ин ҳунарҳои фаромушуда аз нав эҳё гардида, дар дили ҷавонон завқи ҳунаромӯзи ва касбомӯзиро ҷой диҳанд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Ғафурзода Фирдавс зикр намуд, ки эълон гардидани «Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боз як дастгирии беназир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар ин самт маҳсуб меёбад. Иқдоми навбатии Раиси муаззами ҳизб барои ҷавонони ҳунарманд боз як имкониятест, ки ҳунарҳои дӯстдоштаи худро сайқал диҳанд. Ҳамчунин оид ба рушди сайёҳӣ, ки имкониятҳои фарох дар ин соҳа дар шаҳр вуҷуд дорад, сухан ронд.
Мудири шуъбаи таблиғот,
иттилоот ва матбуот Ф.Ғафурзода