Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешгирии фавти модару кўдак ва таваллуди хонагӣ

Пешгирии фавти модару кўдак ва таваллуди хонагӣ

31-07-2018, 08:32
Хабарро хонданд: 1795 нафар
Назарҳо: 0
Пешгирии фавти модару кўдак ва таваллуди хонагӣ
Бо мақсади пешгирии фавти модару кўдак, таваллуди хонагӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолон, занони маҳаллаҳо, духтурон мулоқот баргузор гардид.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин баромад намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки “Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хос дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Аз ин рў давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону духтарон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар чанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки бо вуҷуди дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт камбудиҳо ба монандӣ - пош хўрдани оилаҳо, зўроварӣ дар оила, никоҳи хешовандони наздик ва дар ин ҷода зиёд гардидани тавлиди кўдакони маъюб, фавти модар ва таввалуд дар хона ташвишовар аст. Инро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самти фаъолиятро тағйир дода, корҳои пешгирикунанда ва тарғиботию ташвиқотиро дар маҳаллаҳо хона ба хона, хусусан дар соҳаи тиб ва маҳаллаҳои осебпазир, дар ҳамҷоягӣ бо раисони кумитаи маҳаллаҳо ва раисони шўрои занони маҳаллаҳо бо фаъолону собиқадорони ҳамаи соҳаҳо ба роҳ монд, то пеши роҳи пошхўрии оилаҳо ва пешгирии худкушӣ ва сўйқасд ба ҷони худ, дар гирифта шавад.
Пешгирии фавти модару кўдак ва таваллуди хонагӣ
Таъкид шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд фавти модар ҳангоми таввалуд дар хона хеле нигаронкунанда аст. Дар самти таҳкими муносибат ва густариши фарҳанги оиладорӣ, пурзўр намудани механизми пешгирии зўроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зўроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанўз аз 3 майи соли 2014, №294, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” қабул гардид, ки ин санади муҳим дар самти пойдории оилаҳо ва дар асоси анъанаҳои неки аҷдодӣ ба роҳ мондани муносибатҳои оилавии зану шавҳар мусоидат мекунад.
Боиси зикр аст, ки бештар баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳифзи генофонди миллат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди хушунати оилавӣ, танзими муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии бисёрникоҳӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, кафолатҳои иҷтимоии оила, пешгирии никоҳи хешубаторӣ, тарѓиби гузаштани навхонадорон аз муоинаи пешакии тиббӣ, муносибати кўдаку волидон дар низоъ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ равона карда шуда истодааст, ки дар маҷмуъ ин омилҳо ба пойдории оила мусоидат мекунад.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки зери роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода дар самти пойдории оилаҳо чораҳои зарурӣ ба мисоли ҷалби занону духтарон ба эҳёи ҳунарҳои хонагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани занону духтарон ба омўзиши ҳунарҳои миллӣ аз қабили атласу адрасбофӣ, андешида шуда, баргузории озмуни тозабаргузоршудаи “Ҳунарманди беҳтарин”, “Рўзи Оила”, “Кадбонуи беҳтарин” “Фарҳанги оиладорӣ”, Маҳфили “Рози Бону”, “Беҳтарин оилаи Ҳунарманд”, Оила ва асрори оиладории ҷавонони муосир” ва Пероҳани миллӣ – рукни арзишманди худшиносии бонувон” ҳамчун чорабинии тақвиятбахшандаи маҳорати оилаву оиладорӣ намунаи олии ин тадбирҳост. Инчунин, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо духтурони амрози занона, саратоншинос корҳои тарѓиботию ташвиқотии пешгирии вайроншавии оилаҳо ва дигар масъалаҳо байни занони 22 маҳаллаҳои шаҳр вохўриҳо баргузор гардида истодааст.
Сипас, Зеварой Бобоева, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Наргис Ҳасанова, духтури амрози занонаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд доир ба роҳҳои пешгирии фавти модар кӯдак ва оқибатҳои фоҷиабори тавлиди кӯдак дар хона маълумот доданд.
Ҳангоми таҳлили ҳолатҳои фавти кўдакон маълум гардид, ки дар ҷои аввал фавти кўдакони бо вазн кам таввалудшуда мебошад, ин вобастагӣ дорад аз сабаби зиёд шудани таввалуди пеш аз мўҳлат мебошад. Аммо таҳлилҳои дигар собит менамояд, ки новобаста аз чораҳои андешида шуда, то ҳанўз маърифати ҳуқуқии бархе аз волидон дар сатҳи паст қарор дошта, ҳуқуқҳои кўдакон ба монанди доштани шаҳрвандӣ, таҳсил намудан, эмин будан аз зўроварӣ таъмин нагашта истодааст. Аксар вақт шаҳрвандон бо назардошти он ки масъалаи иҷтимоии оила аст, чунин ҳодисаҳоро махфӣ медоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дафтари матбуоти Раиси
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: