Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салини

Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салини

31-07-2018, 08:16
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салини

Дирӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило” оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни як сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои дар фасли тирамоҳ ба истифода додани навбати аввали агрегати неругоҳ бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Салини Импреҷило” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” Ширкати “Салини Импреҷило” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: