Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини

31-01-2018, 16:30
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини
Январь 31, 2018 17:37


ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: