Сафари хориҷиён ба Тоҷикистон осон шуд29-06-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вебсайти махсуси визаи электрониро (www.evisa.tj) шурӯъ аз 1 июн роҳандозӣ кард ва гуфт, ки акнун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз тариқи Интернет ва бе муроҷиати мустақим ба консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа визаи кишварро дастрас кунанд.
Соли 2015 аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 430 ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ дидан кардааст ва ҳоло мақомот умед доранд, ки низоми нав дар дилгарм кардани сайёҳони бештари хориҷӣ хизмат мекунад. То имрӯз шаҳрвандони беш аз 80 кишвари ҷаҳон бар асоси муқарарроти соддашудаи гирифтани виза дар фурудгоҳи Душанбе имкони гирифтани раводиди Тоҷикистонро доштанд. Ҳамакнун, ба иловаи ин роҳи гирифтани виза ва ё муроҷиат ба консулгарии Тоҷикистон дар хориҷа, методи онлайн-виза ҳам фаъол шуд. Тибқи муқаррароти нав, шаҳрвандони хориҷии хостори сафар ба Тоҷикистон дар сайти evisa.tj нахуст саҳифаи аризадиҳандаро пур мекунанд. Қадами дуюм - пардохти электронии 50 доллар ҳақи виза ба муҳлати ҳадди аксари 45 рӯз аст, ки тавассути корти электронӣ анҷом мешавад. Ва ниҳоят, ба адреси имейли аризадиҳанда визаи расмӣ ирсол мегардад. Муҳлати гирифтани визаи Тоҷикистон айнан мисли таҷрибаи байналмилалӣ буда, аз 7 то 14 рӯзи кориро дар бар мегирад ва ҳамин муҳлат ҳам марбут ба визаи онлайн мешавад. Дар ҳамин муҳлат аризаи муддаии визаи Тоҷикистон дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар нисбати ӯ қарор содир мегардад. Як нуктаи муҳими дигари визаи онлайн ҳамин аст, ки он барои вуруди якдафъаина ба Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад ва агар шахс дар муддати дар Тоҷикистон буданаш ба кишвари сеюм сафар кунад, барои бозгашт ба Тоҷикистон бояд визаи нав бигирад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.