Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Андешаҳои муғризона

Андешаҳои муғризона

25-07-2018, 09:11
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
Андешаҳои муғризона

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуда буданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили зуҳуроти номатлубу хатарноке, ки имрӯз рух дода истодаанд сафарбар гарданд”.
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.
Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорӣ ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷўиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо бо ғояҳои ғалатро, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.
Мо кулли шаҳрвандони тоҷик хуб медонем, ки ин гуруҳҳои ба ном озодандешу дар асл ифротгаро дар хориҷи кишвар чӣ меҷўянд. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои аҳмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.

Сарамуаллими кафедраи
иқтисодиёти ҷаҳон
Ғайбуллоев К.Қ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: