Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Масъалаҳои саломатӣ

Масъалаҳои саломатӣ

29-05-2018, 07:47
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Масъалаҳои  саломатӣ
Бо назардошти он ки саломатии мардум шарти аввалини пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад, дар ташкилоти ибтидоии «Ҳофизи Шерозӣ» бо иштироки намояндагони Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Комилов Фирӯз – директори маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масъунияти одам дар вилояти Суғд, Хоҷаева Зуфнуна – сарвари маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Турсунова Гулчеҳра – равоншиноси Маркази БПНМ – и вилояти Суғд конференсияи илмӣ - амалӣ оид ба баланд бардоштани маърифати тиббии ҷавондухтарону ҷавонписарон доир гардид.
Масъалаҳои  саломатӣ
Бо сухани ифтитоҳӣ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой баромад намуда, оид ба се омили рушди нерӯи инсонӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ибрози андеша намуд.
Дар мавриди пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ВИЧ ва СПИД, сирояткунанда ва шартҳои асосии танзиму ташаккули ҳаёти солим андешаҳои тахассусмандон, табибон ва рӯҳшинос шунида шуда, оид ба масъалаҳои баҳсталаби саломатӣ мубоҳисаҳо доир гардид.
Инчунин, масъалаҳои асосӣ, аз қабили якканикоҳӣ, содиқ будан ба ҳамсаре, ки ақди никоҳи ӯ дар мақомоти САҲШ баста шудааст, соле як маротиба, аз ташхиси бемориҳои сироятӣ гузаштан (гепатит А,В,С) мавзӯъҳое буданд, ки ҳамарӯза ҳангоми вохӯриҳо ва мулоқот бо шаҳрвандон бояд муҳокима ва мавриди баррасӣ қарор гиранд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: