Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Фарҳанги либоспӯширо риоя намоем!

Фарҳанги либоспӯширо риоя намоем!

20-07-2018, 08:24
Хабарро хонданд: 498 нафар
Назарҳо: 0
Фарҳанги либоспӯширо риоя намоем!
Халқи тоҷик аз қадимулаём соҳиби фарҳанги воло буду ҳаст. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон чун кишвари тамаддунофар дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ гардидааст.
Фарҳанги либоспӯшӣ рукни асосии маънавиёти халқи тоҷик буда, аз арзишҳои муқаддас ба ҳисоб меравад. Фарҳанг оинаи ҳар халқу миллат аст.
Нуқтаҳои дар боло зикршуда дар мулоқоте, ки 19 марти соли 2018 бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар баргузор гардид, хеле баланд садо дод.
18 июли соли равон дар Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, мавзӯи мубрам фарҳанги либоспӯширо мавриди баррасӣ қарор диҳад. Зеро бархе аз занону модарон ва ҷавондухтарони мо бар асари таъсири бегонапарастӣ ва сатҳи пасти маърифати либоспӯшӣ имрӯзҳо либосҳои сип-сиёҳ ба бар мекунанд, ки хоси фарҳанги мардуми мо нест.
Достурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст, дар ТИ КМ “Ваҳдат,” “Навбаҳор”, “Темурмалик”, ТИ “Афросиёб”, “Абдулазиз” мавриди омӯзиш ва намунаи либосҳои беҳтарини тавсияви фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон иштирокчиёни Рӯзи ахбори сиёсӣ даъват ба амал оварданд, ки дар амалӣ гаштани Дастурамали мазкур талош варзида, намегузоранд, ки занону духтарони мо либосҳои ғайр ва бегонаро ба бар намоянд ва барои баланд бардоштани маърифати либоспӯшӣ эшон тарғибу ташвиқот бурда, барои рушду такомули фарҳанги миллати тоҷик саҳми назаррас мегузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: