Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Ӯзбекистон корхонаи шакари Хоразмро дубора ба кор медароранд

Дар Ӯзбекистон корхонаи шакари Хоразмро дубора ба кор медароранд

17-09-2018, 14:46
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ӯзбекистон корхонаи шакари Хоразмро дубора ба кор медароранд

Саҳмияҳои корхонаи "Хоразм-шакар"-и Ӯзбекистон, ки фаъолияти он моҳи ноябри соли гузашта қатъ шуда буд, 12 сентябр бар ивази 14,2 миллиард сӯм (беш аз 1,7 миллион доллар) фурӯхта шуданд.

Ба огаҳии бунёди биржаи "Тошканд", 99,4 дарсади саҳмияҳои корхонаро як сокини пойтахти Ӯзбекистон бо номи А.Р. Тошев харидааст. 0,6 дарсади боқӣ ба кӣ тааллуқ дорад, гуфта намешавад. Дар ҳоли ҳозир, аз 1,5 ҳазор корманди корхона танҳо 70 нафар мондаанд.

Сомонаи расмии корхонаи "Хоразм-шакар" хабар додааст, ки дар ҷаласаи 20 ноябр номи корхона иваз ва санаи дақиқи ба кор оғоз кардани он муайян хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа, ки дар дафтари асосии корхона дар Тошканд баргузор мешавад, оиннома ва сохтори нави корхонаро ҳам тасдиқ мекунанд.

Корхонаи "Хоразм-шакар" моҳи ноябри соли гузашта фаъолияти худро қатъ карда, кормандонашро то моҳи апрел ба рухсатии бемузд фиристод. Ба гуфтаи яке аз кормандони пешини корхона, моҳи апрел рухсатии онҳо дароз ва аз 1 июн қарордоди корӣ бо 95 дарсади кормандон бекор карда шудааст.

Дар Ӯзбекистон корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкороне, ки бо воридоти ашёи хом машғул буданд, дар пайи беқурбшавии пули миллии ин кишвар дар моҳи сентябри соли 2017 бо мушкилиҳои молӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ду корхонаи дигари Ӯзбекистон -- "Хоразм-шакар" ва "Ангрен-шакар" низ дар вазъияти ҳамсон қарор гирифтанд. Дар ҳоли ҳозир, тақдири корхонаи дувумӣ, ки дар Тошканд ҷойгир аст, маълум нест.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: