Аз моҳи июни соли 2016 сар карда маъракаи «Обуна-2017» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» оғоз гардида, дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ташкилотҳои ибтидоӣ мувофиқи меъёри муқарраргардида, мактубҳо ирсол карда шуд.
Бо назардошти муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ ташкилотҳои ибтидоии «КМ Ҷавонӣ», «САТН», «Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд» ва «Беморхонаи бачагона» то имрӯз нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кӯшиш бар он дорад, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи МИҲД-и шаҳр ва ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия дар муддати кӯтоҳ нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намояд.