
Дирӯз дар селроҳаи даромадгоҳи мавзеи дурдастарини ноҳияи Деваштич, деҳаи Метк, ки дар паҳлӯи он мактабу чанд хонаҳои истиқоматӣ мавҷуду ҳар вақт ҳангоми боришот хатар эҷод мекард, пули нав мавриди истифода қарор гирифт. Ташаббускори пули нав, ки дарозиаш 9 метру бараш наздик 6 метр аст, сокини деҳа, бонуи 80 сола Маҳтобхон Фозилова мебошад, ки 70 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозашро бо нияти зиёрати Хонаи Худо ба амали хайр ҳадя кард.
Дар тантанаи ба истифодасупории пули нав рохбари гуруҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳдам Рустам, муовини раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашур, раиси нохия Рустам Ҷӯразода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Исмоилиён Комрон аҳли деҳаро бо ин иқдоми тоза, ки аз дастуру вазифагузорихои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд табрик гуфтанд. Дар поёни тантана, ба сохибкорону бунёдкорон, шахсони дар буёди пул захматкашида тӯҳфаю Ифтихорномахои КИН ҲХДТ ва рохбарияти ноҳия тақдим карда шуданд.
Роҳбари намояндагии
ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов
дар ноҳияи Деваштич