Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият.

6-06-2018, 08:56
Хабарро хонданд: 135 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият.
Дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати ба сокинон расонидани мазмуни муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12.05.2018 барнгузор гардида буд, дар Қасри фарҳанги ноҳия бо фарогирии шаҳрвандон аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, мулоқот баргзор шуд.
Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода оиди тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуд. Сипас, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни баромад дар ин раванд таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуд. Дар мулоқот соҳибкорон иштирок намуда, нисбати ғамхориҳои Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, барои сохтмони як қатор иншоотҳо аз қабили боғчаи кӯдакон, бинои беморхона, бунёди пул, бо ҷалби шахсони саховатпеша ба роҳ мондани таъмири роҳҳои маҳаллӣ пешниҳодҳои ҷолиб карданд.
Бояд қайд намуд, ки оиди омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора қарори раиси ноҳия ба тасвиб расонида шуда, дар ноҳияи Деваштич нақша-чорабиниҳо таҳия карда шуда, дар доираи он тадбирҳои аввалиндараҷа андешида шуда истодаанд.
Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: