Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ноҳияи Данғара

1-06-2018, 20:30
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар дар ду баст дар ноҳияи Данғара
01.06.2018 19:26, ноҳияи Данғара


1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.

Фармоишгар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “ТВЕА”- Ҷумҳурии Мардумии Чин, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъморӣ ва Шаҳрсозӣ” мебошад.

Маблағи умумии сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 - 13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар майдони наздики 3 гектар бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, соли 2018 ба анҷом расид. Дар вақти бунёди иншоот даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

Мактаби мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир 4 ошёна бунёд шуда, аз 35 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 дона тахтаи электронӣ, 25 адад компютер, 10 мошинаи зардӯзӣ мавҷуд аст.

Ифтитоҳи мактаби нав ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кудак рост омад, аз ин ру Сарвари давлат ба 30 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супориданд, ки дунёи зебо ва поку беолоиши онҳоро боз ҳам рангинтар намуд.

Зимни шиносоӣ аз шароити таълим дар ин муассисаи навбунёд Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзишманд барои насли ояндасози кишвар маънидод намуданд.

Дар суҳбат бо хонандагон Пешвои миллат онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: