Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ ҳам мешавад.

Ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ ҳам мешавад.

24-05-2018, 08:40
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ ҳам мешавад.
Дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» аз 25 апрели соли 2018 №17 (1153) таҳти унвони «Тамбаҳои сунъӣ бо айби кӣ?», мақолаи танқидӣ ба табъ расида буд. Камбудӣ ва проблемаҳои ба миён гузоштаи муаллиф, ки дар мақола дарҷ гардидааст, дар байни ҳайати шахсии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе мавриди баррассӣ қарор дода шуд.
Муаллифи мақола Ҳуриннисо Ализода дар бораи мушкилоти мавҷудаи нақлиёти дар ҳудуди чорраҳаи кўчаҳои Сино-Шамсӣ, сабабҳои ба вуқўъ омадани тамбашавиҳо дар кўчаи Шамсӣ, ноқулай ҷойгир будани истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар гардишгоҳи чорроҳаи кўчаи мазкур, мавҷудияти зиёди чуқуриҳо дар роҳи Шамсӣ, набудани хатҳои уфуқӣ дар ин минтақаи роҳ, таъмин набудани назорату танзим аз ҷониби кормандони БДА дар ҷойҳои мушкилгузари кўчаҳои Шамсӣ ва Саъдии Шерозӣ дар назди сирки давлатӣ изҳори ақида намудааст.
Ба таваҷуҳи муаллиф мерасонем, ки сабаби ба вуқўъ пайвастани мушкилоти нақлиётӣ дар чорроҳаи кўчаи Шамсӣ-Сино ва минтақаи роҳи кўчаи Шамсӣ аз кўчаи Сино то буриши кўчаи Бобоҷон Ғафуров ин пеш аз ҳама зиёдшавии шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз таъмиру тармим ва сохтмони роҳи нав, маҳкам гардидани чорроҳаи буриши кўчаҳои Сино-Сомонии назди пайкараи А.Сино барои таъмиру таҷдиди роҳ дар ин минтақа гардидааст.
Бозрасии давлатии автомобили Раёсати Вазорати корҳои доҳилӣ дар шаҳри Душанбе тамоми имкониятҳои мавҷударо дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ чораандешӣ намуда, дар ташкили ҳаракати роҳи кўчаҳои ҳамшафати он тағйироти дахлдор ворид намудааст.
Аз ҷумла, дар чорроҳаи мазкур барои таъмин намудани танзими ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, тибқи талаботи стандарти давлатӣ ГОСТ 23475-86 «Тартиби истифодабарии воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ» бо баҳисобгирии теъдоди зиёди шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, чароғаки роҳнамо васл карда шуда, дар кўчаҳои ҳамшафате, ки корҳои сохтмонии пули сесатҳа пайвастшаванда аломатҳои роҳи «ишораи пешакии самтҳо», бо нишон додани нақшаи хатсайри аз паҳлўи қитъаи роҳе, ки аломатҳои манъкунанда гузошта шудаанд, ишора шудаанд.
Баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани сабабау омилҳои ба миён омадани камбудиҳои ҷойдошта дар хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ ва аз байн бурдани роҳбандҳо, инчунин беҳдошти ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар ин минтақаи роҳ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, пайваста амалӣ мегарданд.
Ба Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино бошад, супориш дода шудааст, ки истгоҳи мавҷудаи қисмати шимолии минтақаи Шамсиро ба масофаи 30 метр ба самти роҳи давродаври кўчаи Шамсӣ-Маяковский кўчонида, чуқурию ноҳамвориҳои ҷойдоштаро аз таъмири ҷорӣ бароранд.
Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодабарии роҳҳои назди РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, вазифадор карда шудааст, ки тибқи талаботи Стандарти давлатӣ ГОСТ 23475-86 «Тартиби истифодабарии воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ» дар ин минтақаи роҳ бо нишонаҳои уфуқии горизонталӣ ишора шаванд.
Шурўъ аз 1 майи соли равон ҳамарўза 2 нафар кормандони хадамоти роҳбонӣ барои хизматбарӣ дар ин минтақаи роҳ сафарбар шуда, назорати доимӣ аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст.
Дар охир ба муаллифи мақола Ҳуриннисо Ализода ва ҳафтаномаи «Минбари халқ» мерасонем, ки роҳбарияти Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои саривақт ошкор ва ислоҳ намудани камбудиҳо пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт бемамониат ба роҳ монда шуда, хизматрасонӣ ба шаҳрвандону мусофирон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт дар сатҳи баланд таъмин карда шавад. Дар ин самт масъулини шаҳрдорӣ доимо барои дар сатҳи ҷаҳонӣ бунёд ва ба истифода додани роҳҳо тамоми имкониятҳоро дар пойтахт ба роҳ мондааст, ки ҳар яки мо ҳамарўза шоҳиди чунин корҳои бунёдкориву созандагӣ мегардем.
Дар навбати худ ба муаллифи мақола барои ифшо намудани баъзе камбудиҳое, ки имрўз дар натиҷаи таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳои нав ба миён омадааст, изҳори сипос намуда, умед бар он мебандем, ки минбаъд низ бобати ислоҳ намудани камбудиҳо ва роҳҳои бартараф намудани онҳо ҳамкориҳои судманд бо масъулини соҳаҳои марбута ба роҳ монда мешавад.
Набояд фаромўш кард, ки дар ҷое, ки кор аст, дар он ҷо албатта камбудие ҳам дида мешавад ва ислоҳи ин камбудиҳо бошад, танҳо ба хотири ободӣ ва рушду нумўи кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

С.А. Қурбонзода,
Сардори ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: