Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БДА ВКД ҶТ ба соҳибони воситаҳои нақлиёт : шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳнаро бо шаҳодатномаҳои биометрӣ иваз намоед!

БДА ВКД ҶТ ба соҳибони воситаҳои нақлиёт : шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳнаро бо шаҳодатномаҳои биометрӣ иваз намоед!

17-07-2017, 08:11
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
БДА ВКД ҶТ ба соҳибони воситаҳои нақлиёт : шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳнаро бо шаҳодатномаҳои биометрӣ иваз намоед!
/АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро бо шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306», шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби онҳо дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, оид ба ҳар як далели идора кардани воситаи нақлиёт бо чунин шаҳодатномаи ронандагӣ нисбати ронандагон мутобиқи моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.

Ҳамчунин, бино ба иттилои Вазорат, мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт бо боздошт ва нигаҳдории он дар истгоҳи махсус манъ карда мешавад ва барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, нисбати чунин ронандагон дар асоси моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: