Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пешвози Меҳрона дар фурудгоҳи Душанбе

Пешвози Меҳрона дар фурудгоҳи Душанбе

14-05-2018, 09:55
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Пешвози Меҳрона дар фурудгоҳи Душанбе
Ба пешвози Меҳрона ёру дӯстон, устодони коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқулов, мухлисон ва хешовандон омада буданд
Меҳрона Ғайбуллоева таҳти навои доира ва сурнаю карнай ба хоки Тоҷикистон қадам монд.
"Ба ман хеле писанд омад. Таассуроти ғайривоқеъӣ дорам. Ман аз ҳамаи шумо миннатдорам, ҳамаи шуморо дӯст медорам, сипос барои чунин туҳфа. Боке нест, ки ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтам. Бо ин зиндагӣ ба охир намерасад, ман дар оянда ҳам овозхонӣ мекунам ва номи коллеҷу Тоҷикистонро баланд мебардорам", — гуфт Меҳрона бо табассуми зебо.
Меҳрона ҳунарнамоиро ҳануз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад.
Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.
Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: