Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳадафи аслии Сурайё аз ширкат дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix, намоиши истеъдод ва тавоноии духтарони тоҷик аст

Ҳадафи аслии Сурайё аз ширкат дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix, намоиши истеъдод ва тавоноии духтарони тоҷик аст

13-03-2018, 09:14
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Ҳадафи аслии Сурайё аз ширкат дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix, намоиши истеъдод ва тавоноии духтарони тоҷик аст

Сурайё Хонзода Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix намояндагӣ мекунад.
Ин озмун аз дигар озмунҳои зебоӣ бо он фарқ мекунад, ки ба истеъдоду зебогии гулдухтарон на доварон, балки корбарони интернет бо овоздиҳӣ ба таври онлайн баҳогузорӣ мекунанд.
Шарти даври аввали озмун намоиши панҷ акс бо инъикоси истеъдод, дониш, муваффақият ва ҳунари ширкаткунанда аст. Дар даври дуюм бошад, гулдухтарон бояд ба баргузоркунандагони озмун ду сабти видеоӣ: яке бо шарҳи ҳол ва дуюмӣ бо маълумот дар бораи муваффақиятҳояш дар ин ё он навъи ҳунармандӣ нишон диҳанд.
Ғолиби озмунро унвони Miss AsiaMix ва ҷоизаи пулӣ интизор аст.
Сурайё ҳадаф дорад, ки ҷаҳониёнро бештар аз истеъдоду тавоноии духтарони тоҷик ва бонувони Тоҷикистон бохабар кунад. У бовар дорад, ки бонувони тоҷик метавонанд бо зебогӣ ва истеъдоди худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд.
"Мақсади асосии ман нишон додани қисмате аз тавоноиҳо ва истеъдодҳои духтарони сарзаминам аст. Медонам, ки духтарони тоҷик бо дониш санъат ва шахсияташон метавонанд Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд.
Дар озмуни Miss AsiaMix намояндагони кишварҳои гуногун аз қабили Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат мекунанд. Баргузоркунандагони ин озмун гурӯҳи КВН Қирғизистон мебошад.
Сурайё Хонзода ба баргузоркунандагони озмун на аксҳои оддӣ балки тасвирҳояшро аз тарҳи хусусиаш бо увони "Be in national" (Бо либоси миллӣ) равон кардааст. Ин аксҳо писанди ташкилкунандагон шудааст.
"Тарҳи " Be in national"-ро ман тақрибан 2 сол пеш оғоз кардам. Ҳадафи аслии ман муаррифии либосҳои миллии тоҷикона буд. Яъне либосҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, меъмории қадимаи хоси кишварамон ва ҷавоҳироти миллӣ ба мардуми ҷаҳон".
Чун Сурайё дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз қабили Ҳиндустон, Русия, Гурҷистон, Қирғизистон ва ғайра таҳсил ва гардиш кардааст, бо мурури замон тасмим гирифтаст ки як тақвими сол, ки аз 12 либоси миллии кишварҳои гуногуни ҷаҳон иборат бошад, омода кунад.
Сурай Хонзода дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Соли 2010 гимназияи N9-и ба номи Низомии Ганҷавиро хатм кардааст. Ҳамон сол ба бахши хабарнигории факултаи филологияи Донишгоҳи Славянии Точикистон дохил шуда, аз 16 солагӣ ҳамзамон бо таҳсилот дар бахши форсии радиои бурунмарзии "Овози Точик" фаолият кардааст.
Дар солҳои донишҷӯӣ барои таҷрибаомӯзӣ дар шуъбаи Академияи ОБСЕ-и шахри Бишкеки Кирғизистон ва дар Донишгоҳи Аптеки Ню-Делии Ҳиндустон таҳсил кардааст.
Соли 2014 Донишгоҳро бо муваффақият хатм карда, барандаи стипендияи кишвари Туркия, барои идомаи таҳсил дар бахши магистратура дар Истамбул шудааст.
Алъон донишҷӯи бахши "Радио, Телевизион ва Синамо"-и Донишгоҳи Давлатии Истамбул аст. Барои оянда барномахои зиёде дар назар дораду сафар ба кишваҳои хориҷ ва омӯзиши таъриху таҷрибаи бойи кишварҳои гуногунро дӯст медорад. Сурайё ҳамчунин ба аксбардорӣ ҳам машғул асту, намоиши аксҳояш ҳанӯз дар даври донишҷӯӣ дар Душанбе баргузор шудааст.

Read more: https://sputnik-tj.com/style/20180302/1024908153/suraiyo-khonzoda-dar-ozmuni-asiamix.html





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: