Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…

10-05-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…
Фарҳанг ҳастии миллат аст. Миллатро маҳз фарзандони адабпарвараш побарҷо нигоҳ медорад ва ба оламиён муаррифӣ месозад. Аз зумраи чунин афрод Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабӣ – давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев маҳсуб меёбад, ки умри хешро дар роҳи заҳматталаби носирӣ сарф намуда, осори гаронбаҳои адабӣ ба мерос гузаштааст.
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…
Конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Адиби сермаҳсул» ба ифтихори 90 – солагии нависандаи зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев дар ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов» бо иштироки адибони давр – Маъруфи Бобоҷониён, Анвар Олим, Матлубаи Ёрмирзо, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки хеле хотирмон буд.
Намоиши осори нависанда Фазлиддин Муҳаммадиев, қироати намунаҳои осори ӯ ҷолибу шуниданӣ буд.
«Асарҳои психологии нависандаи болаёқат Фазлиддин Муҳаммадиев «Даъво», «Варта», «Марги усто – Оқил», «Сози Мунаввар», «Дар он дунё», «Палатаи кунҷакӣ», «Шоҳии япон» имрӯз низ аҳамияти илмӣ – адабӣ, тарбиявӣ – ахлоқии хешро гум накардаанд. Маҳз ба туфайли осори нависанда метавон насли наврасро, ки машъалбардорони ояндаи миллатанд, дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбият кард,» - мегӯяд дар баромади хеш мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой Субҳоновна, - Поси хотири нобиғагони миллат яке аз ҳадафҳои калидӣ ва меҳварии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: