Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём – дастурамали ҳидоятӣ

Паём – дастурамали ҳидоятӣ

20-02-2018, 10:38
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Паём – дастурамали ҳидоятӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба васоити афкори хирадмандона ва фарҳангпарваронаи хеш дар назди мардуми кишвар вазифа мегузорад, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои миллии хеш аҳамият дода, онро тақвият бахшем ва насли наврасро ҳамчун инсонҳои худогоҳу андешаманд ва соҳибмаърифату бофарханг ба камол расонем, бад – ин васила ба наслҳои оянда зиндагии шоистаро замина гузорем.
Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва густариш додани ҳунарҳои мардумӣ, ки аз нуктаҳои асосии Паёми имсола бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии «Сафина» конференсияи илмӣ – адабӣ ба маърази тамошо гузоштани маҳсули дастранҷи занону гулдухтарони ташкилоти мазкур ва ташкилотҳои ибтидоии «Ганҷина», «Пайравони миллат», «Олами афсона», «Исмат Алихонов», «Парасту», «Маҳастии Хуҷандӣ», «Офтобак», «Ҳамқадам» хеле ҷолибу хотирмон баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Паём – дастурамали ҳидоятӣ» он аст, ки мо бояд ба рушди ҳунарҳои миллӣ ва такомули он саҳм гузошта, Паёми навбатиро чун дастурамали ҳидоятӣ барои соли 2018 қабул намоем. Фарҳанг муҳимтарин омили тарбияи ҷавондухтарон ба он мояи аслии ҳуввияти миллат аст. Маҳз фарҳанг метавонад, миллатро пешрафтаю навовар ва соҳиби обрӯи ҷаҳонӣ гардонад, - мегӯяд мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева.
Паём – дастурамали ҳидоятӣ
Ҳамраъйӣ ва ҷонибдории хешро ҷиҳати нуктаҳои зикршуда мушовирони муассисаҳои томактабии КИИ «Истиқлол» - Абдуллоева Надия ва Муҳаббат Нозимова, собиқадорони ҲХДТ Дилбархон Ҷаҳонгирова, Мусаббеҳхон Хоҷаева, фаъолзани ҳизб, корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯҳфа Мамадҷонова ва Раиси ташкилоти ибтидоии «Сафина» Муаттар Мамадҷонова иброз намуда, бар он ақидаанд, ки рушду такомулли илму фарҳанги тоҷикона ва муқаддас нигоҳ доштану ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз нуктаҳои меҳварии фаъолияташон хоҳад буд.
«Машъалбардорони сафи пеш будан мароми аслии фаъолзанҳои ҲХДТ маҳсуб меёбад,» - мегӯяд муовини Раиси КИШ ҲХДТ Ӯрунбоева М.Х.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: