«Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ»,-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад24-04-2018, 07:57
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. «Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ» — таҳти чунин унвон бахшида ба оғози ташаббуси Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташкилкунандагони асосии ин чорабинии сатҳи баланд мебошад. Тавре аз Институти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсияи байналмилалӣ пагоҳ, 24 апрел соати 9 дар толори Академияи илмҳо бо иштироки намояндагони ИДМ баргузор мегардад. Дар конференсия ҷанбаҳои сиёсии амният ва масъалаҳои об, масъалаҳои об аз ҷиҳати фалсафӣ-фарҳангӣ, масъалаҳои об ва танзими ҳуқуқии амнияти марбут ба об дар ИДМ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.