Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе Июл 4, 2017 14:54

Вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе Июл 4, 2017 14:54

5-07-2017, 09:20
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе  Июл 4, 2017 14:54
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикисон хабар доданд.

Дар чаҳорчӯби вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкорӣ миёни се кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ хоҳанд шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба савдо ва сармоягузорӣ, энергетика, зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими равобит миёни доираи соҳибкорони се кишвар таваҷҷуҳи хоса хоҳанд намуд. Ҳамчунин масъалаҳои дастгирии минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Афғонистон дар ростои таъмини сулҳ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин муборизаи босамар алайҳи хатарҳои минтақавӣ ва байналмилалии амниятӣ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор ҳоҳанд гирифт.

Интизор меравад, ки ҷонибҳо аз рӯи натиҷаи мулоқоти Душанбе изҳороти муштараки сарони се кишвар, ки ба мушорикати фарогир, эъҷоди механизмҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои калидии ҳамкоҳорӣ ва такони тоза бахшидан ба равандҳои минтақавӣ равона гардидааст, қабул хоҳанд кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: