ЯК РЎЗИ БАҲОРИИ ДЕҲАИ КЎҲИСТОН18-04-2018, 10:11
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Аз чашм дуру ба дил наздик Туданӣ деҳаест, ки дар ғарбу шарқи ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин. Деҳа ҳашт километр дуртар аз маркази ноҳия дар қаламрави ҷамоати деҳоти Шўрообод воқеъ гардидааст. Ба гуфтаи пирони рўзгордида, деҳа тахминан солҳои 1905-1907 бунёд шуда, се бор обод ва ба вайрона табдил ёфтааст. Аввал деҳа дар тарафи дигари сангоб бунёд шуда буд, ки дар он ҷо 80 хоҷагӣ истиқомат доштааст. Дар ҷои масҷиди ҳозира мадраса ҷойгир буд, ки аз тамоми ноҳия барои гирифтани таълим ба ин ҷо меомаданд. Аҳолии деҳа қабила бо қабила зиндагӣ мекарданд. Ҳар як қабила заминҳои кишоварзиашро бо юғу сипори худ кишт мекард. Дар ҳамон вақт деҳа ба қаламрвави ноҳияи Даштиҷум дохил мешуд. Аз солҳои 60-уми асри XX ноҳия Саричашма ном гирифт, ки Туданӣ дар тобеияти он буд. Деҳа бори аввал соли 1915 вайрон ва, баъди солҳои 20-ум боз обод шуд, ки биноҳои нав дар қисмати чапи сангоб, ки ҳозир деҳа ҷойгир шудааст, сохта шудаанд. Дар деҳа мактаб вуҷуд надошт. Хонандагон масофаи 2-3 километрро тай намуда, барои таҳсил ба деҳаи Девдор мерафтанд. Дар ин ҷо тайи солҳои 1930 -1964 мактаби 7-сола амал мекард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) деҳа обод буд. Соли 1965 сокинони онро ба ноҳияи Фархор кўчонданд. Сабаби муҳоҷирати маҷбурии аҳолии русто нарасидани қувваи корӣ дар соҳаи пахтакорӣ буд. Дар Туданӣ соли 1940 5 осиёби обӣ ва 1 ҷувоз мушкилоти мардумро осон мекарданд. Устоҳои чирадасти деҳа бобои Барот ва усто Мўсо ба чармгарӣ машғул буданд. Устои оҳангар бобои Нозим бошад, тамоми олоти меҳнат, аз қабили дос, каланд, табар ва ғайраро барои ҳамдеҳагон ва мардуми гирду атроф тайёр мекард. Аҳолии деҳа то соли 1978 дар ноҳияи Фархор зиндагӣ доштанд. Солҳои 90-уми асри гузашта дар асоси қарори Ҳукумати Шўравӣ иддае аз ин мардум дубора ба зодгоҳи аҷдодии хеш баргашта, хонаву дар сохтанд, боғҳои куҳнаро аз нав обод карданд ва ҳамин тавр чароғи бобоиро дар ин макони як муддат холишуда афрўхтанд. Имрўз мардум дар ин ҷо аз ҳисоби боғу чорво ва кишти зироатҳои гуногун зиндагиашонро пеш мебаранд. Айни ҳол дар Туданӣ 58 хоҷагӣ бо шумули 448 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ман ин деҳаро дўст доштам, ба фурўтаниву самимияти мардумаш бовар кардам. Дар ин ҷо дўстоне ёфтам, ки ба онҳо меҳр бастам ва акнун онҳо аз чашм дуру ба дил наздиканд. Роҳ ба сўи дилҳо Рўзи ҷумъа. Ба таърихи солшуморӣ 13 апрели соли 2018. Соат 4-и шаб. Бо даъвати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати иштирок дар фестивали «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз пойтахт ба ин русто роҳ пеш гирифтем. Яке аз ҳамсафарони мо Толиб Ғайратов, ки дар соҳаи сайёҳӣ собиқаи зиёд дорад ва дар ин сафар ба ҳайси ронанда ҳайатро роҳнамоӣ мекунад, мекўшад, ки дар вақти муайяншуда ба ин ҷо расем. «Хуб намешавад, агар мардум моро интизор шаванд», -мегўяд ў. Сабукрави мо аз пойтахт берун шуда, тавассути шоҳроҳ ба самти шаҳри Ваҳдат оромона пеш меравад. Роҳ ҳамвор ва чароғон аст. Аз пешу ақиб, паҳлў ва самти муқобил мошинҳои дигар низ дар ҳаракатанд. Замоне буд, ки аз ин роҳ натанҳо шаб, балки дар рўз гузашта намешуд. Хушбахтона он солҳо паси сар шуданд, мегузаронам аз дил. Ин андешаи маро Бахтиёр Ҳамдам, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ», ки аз ҷумлаи ҳамсафарони мо аст, магар пайхас намуд, ки лаб ба сухан кушод: -Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ҷумҳурии мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Ин қадар нақбу роҳҳое бунёд шуданд, ки дар даврони шўравӣ сохта натавонистем. Акнун метавон тавассути ин роҳҳо на танҳо рўз, балки шаб ва дар тамоми фаслҳои сол ба гўшаҳои гуногуни мамлакат озодона сафар кард. -Бале, роҳҳои хубу замонавӣ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ин ё он кишвар нақши муҳим доранд. Хушбахтона роҳбарияти давлати мо ин масъаларо хеле хуб дарк намуда, аз ҳамон солҳои душвору тақдирсоз сар карда ба бунёди нақбу роҳу пулҳо даст заданд, - суханони Бахтиёр Ҳамдамро тақвият мебахшад ҳамсафари дигари мо Фаттоҳ Файзуллоев, раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои сайёҳии Тоҷикистон ва меафзояд: - Дар ин шоҳроҳ аз шаҳри Кўлоб то ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳудуди 30 километр роҳ таъмирталаб аст. Агар он ҳам мумфарш шавад, мушкилоти рафтуомад аз пойтахт ба самти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз байн меравад, ва сайёҳони хориҷӣ низ бемалол аз ин роҳ гузар намуда, бо хотираҳои нек ба ватанашон бармегарданд. -Ин масъала ҳалли худро меёбад, зеро бунёди он дар баробари ин қадар нақбҳову шоҳроҳҳо, роҳҳои оҳан ва дигар иншооти азими то имрўз мавриди истифода қароргирифта, душвор нест. Фақат вақт мехоҳад, - посух медиҳад Бахтиёр Ҳамдам. Вале ман бар он андешаам, ки ҳамаи роҳҳо моро ба сўи дилҳо мебаранд. Вақте мошин Ваҳдатро пушти сар гузошта ба самти Норак медавид, субҳ медамид. Дар паҳлўи шоҳроҳ дар домони теппаҳо ҳар ҷо -ҳар ҷо рамаи гўсфандонро медидем, ки хоб ва чўпонҳо ба истиқболи як рўзи нав дар тараддуданд. Аз накҳати гулу гиёҳҳои кўҳӣ, ки шамоли фораму сарди пагоҳӣ ба машом мерасонд, табъи кас болида мешавад. Замоне нақби «Озодӣ»-ро гузаштем, ки рўз равшан шуда буд. Роҳ ҳамвор, аммо ҷо-ҷо пасту баландиҳое, ки бо таъсири мошинҳои вазнини боркаш пайдо шудаанд, ба суръати ҳаракати мошин халал мерасонд. Соат 8-у 41 дақиқа. Мо дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қарор дорем. -Агар роҳ байни Кўлоб ва ин ноҳия ҳамвор мешуд, шояд барвақттар мерасидем, - мегўяд акаи Толиб. -Бо вуҷуди ин мо дар вақташ расидем. Чунин масофаи дарозро дар зарфи чор соат тай кардан осон нест, - илова мекунад Бахтиёр Ҳамдам. «Аз вайронаҳо нагўед» Дар бинои ҳукумат моро Раиси ноҳия мунтазир аст. Пас аз аҳволпурсӣ Почохон Зарифзода хурсанд мешавад, ки мо дар чунин як чорабинии фарҳангии рустои Туданӣ иштирок мекунем. Раис аз иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва ҷамъияти «Табиатдўст», ки бо дастгирии Барномаи грантҳои хурди Фонди глобалии экологии СММ дар Тоҷикистон ин чорабинӣ баргузор мешавад, хеле хуб истиқбол дорад. -Ҳар касеро, ки бо мақсади ободии ноҳия хиштеро болои хишт мегузорад, мо дастгирӣ мекунем, - мегўяд ў. Дар идома раис аз пешравиҳои ноҳия суҳбат карда, иттилоъ медиҳад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маркази ноҳия меҳмонхонаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дари кохи фарҳанг, ки санги асосии онро Сарвари давлат гузошта буд, то ҷашни истиқлоли давлатӣ ба рўи мардум боз мешавад. Инчунин бунёди зербиноҳои туристӣ дар паҳлўи шоҳроҳ ба нақша гирифта шудааст, ки давра ба давра сохта хоҳанд шуд. Почохон Зарифзода дар омади гап доир ба мушкилоти деҳаи Туданӣ нақл кард: «Худатон аз наздик он ҷоро дида хулоса мебардоред. Чунин чорабинии фарҳангӣ имрўз дар ҳамин деҳаи кўчак баргузор мегардад. Бовар дорам вайронаҳои деҳаро дар ободиҳо намегўед, шўхиомез таъкид мекунад раис. Як рўзи фараҳ Дар самти Туданӣ моро муовини раиси ноҳия Санам Ғаффорзода роҳнамоӣ мекунад. Аз муаллима мепурсам, ки барои омаду рафт ба марказ мардум аз чӣ истифода мекунанд? Аз посухи ў дармеёбам, ки ба шарофати истиқлолият тақрибан ҳар хона мошини шахсӣ доранд. Туданиро сабзпўш мебинем. Баҳор бо ҳусну таровати тоза дар ин ҷо ҳукмфармост. Агар зардолу аз гул фаромада бошад, дарахтони себу ноку олуча ғарқи гуланд. Бўи атри баҳорӣ дар омезиш ба бўи гиёҳу алафҳои кўҳӣ хеле гуворо ба машом мерасад. Занбўрони асал аз гул ба гул нишаста, насими форам бўи ангубинро дар фазо паҳн мекунад. Қабл аз оғози фестивали ҳунарҳои мардумӣ шогирдони мактаби деҳа меҳмононро дар ҳавои шеъру мусиқӣ бо нону намак истиқбол мегиранд. Дар як гўшаи майдон, ки чорабинӣ он ҷо мегузарад, духтарон бо шавқ хеле зебо мерақсанд. Гурўҳи дигар сурудхонон машғули кашидадўзӣ ҳастанд. Ҷавонони ҳузарб бошанд, ба ду гурўҳ ҷудо шуда, неруи худро дар бандкашӣ месанҷанд. Духтаракони бехабар аз одаму олам бо тақлид аз модарон дар гаҳворачаҳои чўбин «тифлаконашон»-ро мехобонанд. Дар паҳлуи онҳо дугонаҳояшон сангчабозӣ доранд. Яъне зиндагӣ ба дунболи хеш хобу хаёл ва бозиҳо дорад. Бисёр мехоҳам, ки ин бозиҳо ҳамин хел табииву хушҳолкунанда бошанд. Холаи Мисқолбӣ дар сари чаҳдег (чархдег) мардумро ба нўшидани дўғи навтайёршуда даъват мекунад. Бонуе бо ифтихор куртаи гулдўзии карбосиро ба намоиш гузоштааст, ки бо таърихи беш аз дусадсолааш, то имрўз ягон ҷояш осеб надидаасту тоза ба назар мерасад. Вай бо ифтихор мегўяд, ки мероси бибикалонаш насиби ў шудаасту онро чун гаҳвараки чашм нигоҳ медорад. Намоиши куртаҳои чакан, кўрпачаҳои хушдўхти қуроқӣ, гилему намадҳои дастбоф, намунаҳои асбобу анҷоми гуногуни рўзғор аз маҳорати баланду ҳунари волои ниёгони мо шаҳодат медиҳанд. Растаи дигаре, ки таваҷҷуҳро бештар ҷалб мекунад, намунаи таомҳои миллӣ аст. Дар ҳудуди 18-20 деге, ки меҷўшад, таомҳо аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд ва ҳар яке номи махсус доранд, мисли боҷ, оши бурида, отала, дангича, ширкаду, ширбиринҷ, далда, ширкаду ... Кадбонуҳои боҳунар бо шавқ ба тамошобинон дар бораи тарзи омода кардани ғизо, таркибу манфиати он ба саломатӣ, вақти истеъмоли ин ё он таом маълумоти дақиқ медиҳанд. Мусаллам аст, ки таркиби ҳар як таом гиёҳҳои шифобахши табиӣ, алафҳои кўҳӣ, нахуду лўбиё ва дигар донагиҳоро доранд. Намунаи тўйи арўсиву домодӣ дар кўҳистон дар хонаи гилини андовидашуда ва бо гилему намади дастбоф ҷиҳозонида аз ҷумлаи намоиши ҷолибу хотирмони чорабинӣ аст, ки аз ҷониби сокинони деҳа хеле табиӣ иҷро мешавад. Домоди дар тан ҷомаву дар сар дастор ниҳодаро ҷамъи дўстонаш бо садои таблаку думбура дар ҳавои таронаҳои мардумӣ ба хонаи арўс меоранд. Домодро ҷониби арўс хуш истиқбол гирифта, базми хурсандӣ меороянд. Ҷавонон бо шавқ мерақсанд. Намунаҳои рақси мардонаро дар ин ҷо мебинем, ки бачагон хеле табиӣ иҷро мекунанд. Маросимҳои дигари тўй аз омода кардани арўс (саршўён) то гусели он басо ҷолиб мегузарад. Акнун ба ҳақиқати гуфтаҳои акаи Толиб бовар мекунам: «Ҳар қадаре ки аз пойтахт дур, ба деҳоти кўҳистон рафтан мегиред, ҳамон қадар самимиятро бештар эҳсос мекунед. Мардум меҳрубонтару накўтар мешаванд. Дигар, ба назар ҳама чиз табиӣ менамояд». Ҳақ ба ҷониби ҳампешаи мо Бахтиёр Ҳамдам аст, ки мегўяд: -Эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба он хотир аст, ки ҳунарҳои ба гўшаи фаромўшӣ рафтаро аз нав эҳё кунем. Ҳамаи зебоӣ ва ҳунарҳои асил дар минтақаҳои кўҳистон боқӣ мондаанд, ки сокинонаш метавонанд онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Намоиши намунаҳои ҳунари мардум шаҳодати он аст, ки тоҷикон аз азал ҳунарманду соҳибтамаддун будаанд ва инъикоси ин ҳунарҳо бояд ба таври густурда ба роҳ монда шавад. -Аз имконияте, ки ноҳия дорад бояд истифода кард. Дар ин ҷо метавон туризми экологиро ривоҷ дод, зеро аз маркази ноҳия шоҳроҳ мегузарад. Сайёҳонро ба табиату манзараҳои дилфиребу таърихии ин гўшаи диёр шинос бояд кард, - мегўяд аз таҷриба ба суҳбат ҳамроҳ шуда Фаттоҳ Набиевич. Дар идома маросими хатнасури 30 нафар фарзандон аз оилаҳои камбизоати деҳа баргузор мегардад ва ҳамин тавр заҳмати фаъолони деҳа, онҳое, ки дар баргузории чорабинӣ саҳми бештар гузоштанд, бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ қадр мешавад. Хаёл мекунам, ин қадршиносӣ ба онҳо пару бол мебахшад. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Толибҷон Назарзода аз он хушҳол аст, ки мардуми Туданӣ як рўзро дастаҷамъона бо хурсандӣ гузарониданд ва ў низ дар паҳлўи онҳо сиёсати бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо роҳбарии Раиси муаззами он тарғиб мекунад. Боғи Аскару Музаффар Дар баландии деҳа боғест, ки мардум онро боғи Аскару Музаффар мегўянд. Ба қатори дарахтони боғ нигариста, дили кас шод мешавад. Дарахтон қатори ҳамдигар қадафрохта , ғарқи гуланд. Навдаю шохҳои зиёдатии онҳоро барвақт устокорона бурида, ба қавле ба тартиб даровардаанд. Баробари дидани дарахтони чун арўс зебо андеша маро ба сўи соҳибони боғ мебарад. Аскар ва Музаффар Бегматовҳо аз насли фарзандони барўманди Хатлонзамин Мирзо Бегматов ва Соҷида Акаллаева (равонаш шод бод!) мебошад. Ҳарчанде Музаффар дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадаасту имрўз дар Душанбе зиндагиву фаъолият дорад, аммо меҳри зодгоҳи бобоӣ ҳеҷ оромаш намегузорад. Ў дар зодгоҳи падарӣ ҳамин боғро ҳамроҳи бародари шодравонаш Аскар бунёд кардааст. Вобаста ба иқлими кўҳистон ниҳолони гуногуни себ, чормағз, зардолу, шафтолу ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаро шинонданд. Ин ниҳолҳо имрўз самаровар шудаанд. Мегўянд, ки ҳосили солҳои аввали боғро акаи Музаффар ба мардуми деҳа ройгон тақсим кардааст. Ў солҳои зиёд дар соҳаи сайёҳӣ вазифаҳои масъулро ба уҳда дошта, ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар кардааст. Ба қавле одаму оламро дидааст. Акаи Музаффар бо он таҷрибае, ки дар соҳаи сайёҳӣ андўхтааст, мехоҳад онро да зодгоҳи падариаш амалӣ кунад. Хушбахтона ба орзуҳои ин ҷавонмарди асил пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 таккони тоза бахшид. Эҳтироми диёри падарӣ ўро ҳеҷ ором намегузорад. Бо мақсади ҳифзи табиати биҳиштосояш ҷамъияти «Табиатдўст»-ро таъсис дод. Акнун мехоҳад, ки бо ҷалби лоиҳаҳое мисли Фонди глобалии экологии СММ (ГЕФ) аз тариқи баргузории тренингу чорабиниҳо маърифати аҳолии ноҳияи сарҳадии Шамсиддин Шоҳинро боло бурда, ба ин восита дар рушди туризми экологӣ саҳм гузорад. Ташкилот «Табиатдўст» бо қувваи ихтиёриёни маҳаллӣ ба хотири ҳифзи гуногунии биологӣ ва олами нодири набототу ҳайвоноти минтақа корҳои зиёдеро анҷом додааст. Зеро табиати нодири минтақаҳои Деволбурс, Калоди шоҳин, Тавалгон, Себҳои самарқандӣ ва тамошои ёдгории табиии Кўҳи Эмомаскара ба сайёҳон таассуроти нек мебахшад. Меҳмононро метавон бо расму оини миллӣ дар вақти таҷлили ҷашнҳои мардумии Наврўз, Меҳргон ва Сада шинос ва хотирашонро бо барномаҳои консертии бадоҳатан омодашуда шод кард. Акаи Музаффар мекўшад, ки ноҳия ба хатсайри сайёҳӣ дохил карда шавад. Барои ин зербиноҳои асосиро сохта, мардуми маҳалро ба нозукиҳои қабули сайёҳони хориҷӣ омода кардан лозим аст. -Ҳангоме, ки сайёҳон аз роҳ мегузаранд, бигузор дар ин ҷо таваққуф кунанду манзараҳои зебо ва мавзеъҳои муқаддасу таърихии онро бинанд, бо ҳунару урфу одати мардум аз наздик шинос шаванд ва ба дастранҷи ҳунари онҳо таваҷҷуҳ намоянд. Бовар дорам, ки онҳо бо таассуроти нек ба ватани хеш бармегарданд ва намунаҳои маҳсулоти ҳунармандони моро ба ақсои олам мебаранд. Аз ин ҳам буҷети ноҳия ғанӣ мешаваду ҳам кисаи мардум пур ва ҳам табъи меҳмонон болида мегардад. Оромии ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳамин гуна лоиҳаҳо амалӣ шаванд, -мегўяд акаи Музаффар. Умедворем, нақшаҳои ин ҷавонмарди чашмикордон мисли боғи бунёдкардааш самаровар хоҳанд шуд. Ободиҳои деҳа Дар урфият «обу ободӣ» мегўянд. Дар Туданӣ ҷўю чашмаҳои фаровоне мавҷуд аст, ки хосияти шифоӣ доранд. Яъне мардум аз камбуди об мушкилӣ намекашанд. Барои таълиму тарбияи фарзандони халқ мактаби миёна фаъолият дорад. Ба қавле чароғи маърифат дар ин ҷо фурўзон аст. Дар бунгоҳи тиббӣ бо мақсади ҳифзи саломатии мардум чораҳо меандешанд. Яъне дар ҳамин ҷо ба беморон кумаки аввалияи тиббӣ расонида мешавад. Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия Санам Ғаффорзода дар Туданӣ сохтмони мактабу бунгоҳи нав ба нақша гирифта шудааст. Акнун сарфаҳм меравам, ки Раиси ноҳия ба таври рамзӣ Туданиро ҳанўз ба ободӣ ниёз дорад, гуфтааст ва бардоштҳоямро аз ин сафар чун хотираҳои ширин ҳифз мекунам. Бардоштҳо Дар Туданӣ касе бекор нест. Ҳама пиру ҷавон машғули меҳнатанд. Ҷавонмардеро мебинам, ки аз навдаҳои шўлаш чанд навъи сабадро бофтааст, ки яке аз дигаре хушрўйтару босифаттаранд. Ў шод аст, ки маҳсули ҳунараш ба савдо меравад ва бори зиндагиашро аз рўи ҳунараш ҳамин тавр пеш мебарад. Писараке дар лаби марғзорон бузу гўсфандонашро мечаронад ва аз давидани барраю бузғолаҳо ба завқ меояд. Ҷавонмарде атрофи ҳотаашро ба тартиб медарорад ва аз дарахтони ғарқи гулаш умеди фаровон дорад. Зане ҷўяҳои ҳавлиашро аз хору алафҳои бегона тоза мекунад, то ин ки ҳосили дилхоҳ ба даст орад. Саворадухтаре аспашро дар ҷўй об дода, дар домани сералафи теппа мебандад ва назараш ба баландии рў ба рў меафтад. Дар он ҷо писарбачаи ҳамсоли худашро мебинад, ки охирин ҳарфро аз сангҳои сафеди кўҳистон чида, қаноатмандона арақи пешониашро бо лаби остинаш пок мекунад ва навиштаашро мехонад: «Баҳор дар Туданӣ». Бо хондани ин ибора духтарак низ ба шавқ меояд. Ў бо зеҳни наврасонааш фахр мекунад, ки ҳамсолаш номи деҳаашонро дар варақи сабзи даҳр ҷовидонӣ сабт кардааст. Бале, баҳор дар ин рустои кўҳистон ҳамин гуна тобишу ҷилваҳо дорад. Дар бозгашт вақте ки ба Душабе наздик мешудем, сари роҳ ҷо- ҷо мардонеро мебинам, ки дар сар тоқиҳои сафеди арабӣ (аслан маҳсулоти чинӣ аст, ки дар гузашта ниёгони мо аз зери тоқии асосӣ мепўшиданду арақчинаш мегуфтанд) ва заноне ба чашм мерасанд бо чеҳраҳои гирифта ва либосу ҳиҷоби аҷнабӣ… Беихтиёр чеҳраҳои кушодаву пуртабассум, рўмолҳои рангбаранг ва куртаҳои чакани бонувони кўҳистон ва чеҳраҳои офтобхўрда, вале хеле самимии ҷавонмардони Туданӣ, ки дар хатти сарҳад зиндагӣ доранд, ба назарам мерасад. Ҳасад мебарам… Чӣ гуна зиндагиашон содаву самимӣ ва орӣ аз ҳар гуна таълимоту тарғиботи муғризонаи «уламо»-ву «фузало» аст… Алӣ ҶЎРА, Душанбе – Шамсиддин Шоҳин – Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.