РОСТИРО ЗАВОЛ НЕСТ18-04-2018, 08:48
Хабарро хонданд: 659 нафар
Назарҳо: 0
Дар Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олӣ Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам ЭмомалӣРахмон таъкид намудаанд, ки «озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем”. Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонд. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардондани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид». Чунин андешаронии сарвари давлат бори дигар далели он аст, ки масъалаи мазкур ба масъалаи стратегии давлатӣ табдил ёфта, такдири хар як фарди кишвар чун масъалаи мухим арзёбӣ мегардад. Дар замони муосир вакте ки фазои иттилооти ва таргиботии Ғарбу Шарк омехта шуда, барои таъсиррасони ба тафаккури наврасон дар набарданд, метавон далели равшани онро дар иштироки бархе аз чавонони ноогоху зудбовар дар ҷангхои Сурия ва Ироқдид. Барои волидайн, ахли омўзгорону донишмандони сохаи сиёсатшиносӣ, педагогика, равоншиносӣ, хуқуқшиносӣ андешидани чораҳои зарурӣ ва бетаъхир лозим аст, ки сари вақт пеши роҳи чунин рохгумзадагии чавонон гирифта шавад. Дар ин хошия тахлили маъалаитаносуби дин ва сиёсат низ мухим арзёби карда мешавад. Муносибати байнихамдигарии сиёсат ва дин хама вакт дар як сатх карор надошт ва надорад. Онхо чун шаклхои шуури чамъияти тамоми тагйиротхои сифатии инкишофи чомеаро дар раванди таърих ифода менамоянд. Ба муносибатхои байнхамдигарии дин ва сиёсат раванду омилхои гуногун таъсир мерасонанд. Аз ин чост, ки сатҳи ин муносибатҳо аз холати инкишофи раванду ходисаҳо ва воқеоти ҷамъиятӣ вобастаанд. Макон ва замон дар муносибатхои байнихамдигарии дин ва сиёсат дигаргунихои куллиро ворид месозанд. Дар боби 2-юмимоддаи 26- иСарконуни кишвар омадаст. ки хар як кас хак, дорад муносибати худро нисбат ба дин мустакилона муайян намояд, алохида ва ё якчоя бо дигарон динерo пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинхoи дини иштирок намояд. Алхол, накши дин ва иттиходияхои диниро дар пешрафти чомеаи муосир ба назар гирифта, хокимияти сиёсии кишвар сиёсати самаранокро нисбати онхо рохандози намуда истодааст. Дар мамлакат шароити мусоиди амал намудани иттиходияхои дини ва вокеи гардонидани фаъолияти гуногунчабхахои дини мухайё аст. Ходимон ва иттиходияхои дини метавонанд, хангоми ба амал баровардани фаъолияти дини аз воситахои гуногуни коммуникатсионии давлати ва чамъияти истифода намоянд. Дар мамлакат соли 1994 конун «Дар бораи дин ва ташкилотхои дини» ва иловахо аз таърихи 12 - майи соли 2001 кабул гардидаанд. Он хамаи талаботхои хуччатхои мухимтарини сиёси: «Эъломияи умумихукукии башар» - и СММ аз 10 декабри соли 1948; «Паймони байналхалки дар бораи хукукхои шахрванди ва сиёси» аз 16 – уми декабри соли 1966 ва ғайрахоро оид ба озодии афкор, вичдон, дин ва эътикод ба инобат гирифтааст. Конуни мазкур вобаста ба шароити мушаххаси Точикистон имкониятхои озодона ба амал баровардани озодии вичдон, дин, эътикодро асоси хукуки мебахшад. Муносибати байни давлат ва иттиходияхои дини, чамоатхо ва мазхабхои диниро танзим менамояд. Имрўз, хангоме ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулху субот ва оромию таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки хамагон конунхои давлатиро катъиян риоя намоянд. Аммо мутаасифона, чунин шароитхои хуби фазои маънавиро баъзе аз аъзоёни мамнўъгаштаи Хизби нахзати исломи Точикистон нодида мегиранд. Онхо берун аз кишвар дар манотики гуногун бо дастгирии молиявии хочагони худ бо хар рох тафрикаандозӣ дар байни диндорон мекунанд, бо хар роху усулхо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба рохи ғафлат ва гумрохӣ андозанд. Мусалмон ва ходимони динӣдар кишвари мо метавонанд фаъолияти худро бемамоният дар доираи иттиходияхои динӣ, Шўрои уламо, Иттифокхои бузурги динӣ ба монанди Созмони Конфренсияи исломӣ, Лигаи олами исломӣ ва ғайрахо рохандозӣ намоянд. Дар олами муосир дин ва иттиходияхои динӣ дар равандхои сиёсӣ ва муносибатхои байналхалкӣ низ таъсири фаъол мерасонанд. Табиати динии кишвархо метавонад муносибати байни давлатхоро ба пояи нав барорад. Инро мо метавон дар мисоли фаъолияти пурсамари Сардори давлат, мухтарам Эмомали Рахмон дид, ки мавсуф дар Маккаи Мукаррама ва чандин анчуману конференсияхои байналмиллалии рочеъ ба ислом аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, онро химоят намуданд, ки боиси масъулиятшиносии харчи бештари ходимон ва масъулони дин гардидааст. Иттиходияхои динии кишвар бояд бештар дар фикри манфиатхои миллӣ бошанд, ки он дар нихояти кор воситаи мухиме мегардад дар мустахкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин вогузошта шудааст. Мавриди дидани аломатхои ихтилофи бояд чорачўи намоянд. Онхо дар эътикод ва пайрави кардан ба Куръон ва хадис ва мазхаби Имоми Аъзам ба дигарон намунаи ибрат бошанд. Мусаллам аст, ки ихтилофоти ба вучудомада ва иллатхои он мавриди омўзиш ва натичагири карор дорад. Зеро, аз асоси илми усул, таълимоти ахкоми шариат ва илми фикх дур будани чавонон ва ворид шудани китобхои нав, ки бемазхаби ё мазхаби гайриханафиро талкин мекунанд, боиси ба вучуд омадани акидахои ботил мегарданд. Чунончи Президенти кишвар, мухтарам Эмомалӣ Рахмон зимни баромади худ зикр доштанд «масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият.бахшанд». Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Алимов Б. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.