
Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин радиф ҷиҳати муқовимат ба он чораҳои мақсаднок мунтазам роҳандозӣ мегарданд.
Маҳкум намудани зуҳуроти коррупсия ва ҳамчунин, андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати рафъи он аз иродаи қавии сиёсии роҳбарияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия дарак медиҳад.
Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи рушду инкишофи тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мегардад.
Дар шароити имрӯза яке омилҳои самараноки муқовимат ба коррупсия баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии низоми идоракунии давлатӣ бо падидаи коррупсия мебошад.
Маърифати зиддикоррупсионӣ дониш, фаҳмиш ва арзишҳои ахлоқии аҳолиро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия нигаронида шуда, фарҳанги радди фасодро ташаккул медиҳад.
Маърифати зиддикоррупсионӣ яке аз унсурҳои муҳимми низоми фарҳанги маънавӣ буда, он қобилияти бошуурона ва боадабона бо коррупсия муқовимат нишон додани инсонро ифода менамояд.
Мувофиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зидди коррупсия аз 31-уми октябри соли 2003 маърифати зиддикоррупсионӣ тавассути таълим, маъракаҳои иттилоотӣ ва иштироки шаҳрвандон дар мониторинги мақомот тақвият меёбад (моддаи 13).
Конвенсияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) оид ба мубориза бо порагирии мансабдорони хориҷӣ (1997) огоҳии аҳолиро дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии коррупсия муҳим мешуморад.
Гузориши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар соли 2018 маърифати зиддикоррупсиониро ҳамчун воситаи тағйири рафтори ҷамъиятӣ ва афзоиши эътимод ба мақомот муайян мекунад.
Стратегияи зиддикоррупсионии Шурои Аврупо дар соли 2016 барномаҳои таълимӣ ва иттилоотиро барои огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқ ва масъулиятҳои онҳо зарур медонад.
Ин санадҳо маърифати зиддикоррупсиониро ҳамчун раванди комплексӣ, ки таълим, шаффофият, технология ва иштироки ҷомеаро муттаҳид мекунад, муайян менамоянд.
Дар баробари муқаррароти санадҳои байналмилалӣ дар сатҳи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқи миллӣ низ масъалаи маърифати зиддикоррупсионӣ мавриди танзим қарор дода шудааст.
Дар асоси моддаи 14 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7-уми августи соли 2020 пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1. тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
2. таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия буда, аз ҷониби субъектҳои муқовимат ба коррупсия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешаванд.
Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ бо роҳи ҷорӣ намудани барномаи таълимӣ бо мақсади аз худ кардани дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия эълон карда шудааст.
Мақсади асосии татбиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ дар низоми хизмати давлатӣ аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ, фароҳам овардани шароити пешгирии коррупсия, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия ва хизмати давлатӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия, инчунин, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ иборат мебошад.
Ҷиҳати амалисозии мақсаду ҳадафҳои зикргардида ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва низоми устувори идоракунии давлатӣ мувофиқи мақсад мешуморем, ки тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
1). Роҳандозӣ намудани омӯзиши масъалаҳои марбут ба коррупсия, идоракунии муносиб ва самараноки давлатӣ, поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, ахлоқ ва одоби хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ;
2). Ворид намудани ислоҳот дар низоми озмунии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и хизматчиёни давлатӣ;
3). Гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии лоиҳаҳои таҳияшавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ бо мақсади содаву дуруст ва фаҳмо ифода намудани мафҳумҳо ва муқаррарот, роҳ надодан ба такрори вазифаҳо ва функсияҳои сохторҳои давлатӣ, истисно намудан ба манфиатҷӯйӣ ва имтиёзҳои гуногуни субъектҳои алоҳида;
4). Мунтазам баргузор намудани мониторинги натиҷаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ бо мақсади муайян намудани таъмини иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи натиҷаҳои аттестатсия;
5). Тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати роҳандозии “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ”, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми коргузории электронӣ ва дар ин замина ба сатҳи нав баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ;
6). Ташкили курсҳои омӯзишӣ, такмили ихтисос ва машғулиятҳои идорӣ барои хизматчиёнии давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, риояи одоби хизмати давлатӣ, бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо ва тақвият бахшидани раванди муқовимат ба коррупсия;
7) Таъмини иҷрои тавсияҳои дахлдори Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон, махсусан, Гузориши заминавии даври панҷуми мониторинги ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон аз 18-уми сентябри соли 2024 дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои Шабакаи мубориза ба коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ.
Лозим ба ёдоварист, ки чорабиниҳои зикргардида ниҳоӣ набуда, имконоти татбиқи дигар чораҳои муассир баҳри такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар самти муқовимат ба коридорҳои коррупсионӣ ҷой доранд.
Дар охир зикр менамоям, ки яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар низоми хизмати давлатӣ мебошад, ки он метавонад ба самаранокии хизмати давлатӣ ҳиссагузор бошад.
Дар ин самт Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” баҳри ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ (шахсони мутасаддӣ) оид ба таъмини иҷрои Стратегияи зикргардида корҳои муйянеро ба иҷро расонидааст.
Шароиту имконоти мавҷуда ва роҳандозии ҳамкории судманд бо сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар оянда низ баҳри роҳандозии чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, омӯзишӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия мусоидат намуда, ба баланд гардидани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ оварда расонад.
Зебонисо САТТОРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Кӯшониён