Имрӯз бо ташаббуси Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳи раками 6-и ДМТ маҳфили илмии ,,Падидаи Фикр''бо номи ,, Точҷикистон кишвари сайёҳист "баргузор гардид.
Дар маҳфил устоди факултети ҳукукшиносии ДМТ, дотсент , мудири кафедраи соҳибкорӣ ва тиҷорат Сангинов Донёр иштирок карда суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд,ки Тоҷикистон кишвари паҳновар аст ва мазейҳои зиёди сайёҳӣ дорад. Бахусус табиати дилангези он тавонистааст, қалби садҳо нафар шаҳрвандони хориҷиро тасхир намояд. Ин аст, ки сол то сол сафи сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо зиёд шуда истодааст.
Дар охир гуруҳе аз донишҷӯён ба сухан баромада роҷеъ ба манзалати сайёҳӣ дар пешрафти ҷомеаи муосир ибрози назар намуданд.