Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ

Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ

22-02-2018, 10:19
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ
Саодат Холмирзоева,
магистри бахши аввали ДТТ:

Ман гирандаи стипендияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҳамзамон таълимгирандаи Муассисаи давлатии таълимии “Чароғи ҳидоят”-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошам.
Қаблан шукрона аз он дорам, ки бинобар сабаби дар канорам набудани падару модар, бо дастгирии бевоситаи Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, яъне соли 2013 донишҷўи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гардидам. Хушбахтона соли 2017 донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло хатм намуда, таҳсиламро дар бахши аввали магистри ин Муассисаи олии таълимӣ давом дода истодаам. Мақсад аз интихоби ин донишгоҳ, албатта пеш аз ҳама аз худ намудани техналогияи муосир ва дар оянда татбиқи он дар истеҳсолоти миллӣ мебошад.
Аз рўзи аввали таҳсил банда, дар Муассисаи таълимии “Чароғи ҳидоят”, ки бо ташаббуси бевоситаи Шумо ин махзани илму маърифат барои мо ҷавондухтарон аз деҳаҳои дурдасти кишвар, ятиму бепарастор ва ниёзманд сохта шудааст, зиндагӣ ва кору фаъолият дорам. Мо ҳамарўза муҳаббату самимият ва ғамхориҳои пайвастаи Шуморо, Ҷаноби Олӣ эҳсос менамоем. Хусусан эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон имкониятҳои моро боз ҳам афзунтар намуд. Мо ҷавонони саодатманду сарбаланди даврони соҳибистиқлол барои ғамхориҳои пайваста, дастгирии моддиву маънавӣ рангоранг ва пурсамар гузаштани айёми ҷавонии худ, ба Шумо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем.
Тавре, ки ҳамагон медонем, аз ҷониби Шумо Пешвои миллат, соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Табиист, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳими таъминкунандаи шуғл ва баланд бардоштан сатҳи зиндагии мардум, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Албатта ин имконият ҳама сокинон ва хусусан ҷавононро ба он водор менамояд, ки дар самти аз худ намудани ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии кишвари азизамон боз ҳам пешсафу масъулиятшинос бошанд.
Мо ҷавонон Ватани зебоманзару биҳиштосои худро сидқан дўст медорем шукронаи диёри маҳбубамонро мекунем ва онро аз хатару таҳдидҳо ҳифз намуда, барои ободиву сарзабзии он даҳчанд саъю талош ва рисолату вазифаи бошарафи худро сарбаландона иҷро менамоем.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавонон ҳамчун неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватан саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо эҳсоси баланди масъулиятшиносию музаффарияту дастовардҳои навин кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоем.

Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ

Шодигул Қонунзода- директори мактаби президентии шаҳри Хоруғ:


-Бо сипоси бепоён мехоҳам арз намоям, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф нисбати дигар соҳаҳо пештару бештар буда, ба ин Барномаву амалҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли муътамад шуда метавонанд.
Ҳар яки мо хуб дарк мекунем, ки хонандаи мактаб имрўз толибилм, фардо донишҷўй ва баъдан мутахассиси ҷавони соҳа шуда, тақдири минбаъдаи кишвар аз донишу малака, қобилияти фитрию касбии он вобастагӣ дорад. Дар ин самт мо аҳли мактабу маориф дар таълиму тарбия ва ба воя расонидани насли солими замон ҷиддан кўшиш намуда, натиҷаҳои назаррасро ноил гашта истодаем.
Соли 2018 эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мрдумӣ аз ҳар фарди кишвар, махсусан мо узви ҳизбро муаззаф месозад, ки Ватани биҳиштманзари худро бо тамоми ҷойҳои диданӣ, дар мисоли чашмаҳои шифобахш, кўлу дарёҳо, рўдхонаю кўҳҳои сарбафалак, қадамгоҳу макони одамони маъруфи таърих, осори бойи мероси гузаштагон бо фарҳанги баланди миллӣ ба сайёҳҳони ҷаҳон муаррифӣ намоем.
Дар ин росто низ соҳаи маорифу мактаб нақши калидӣ доранд. Ҳунар худ баҳраи таълиму тарбия буда, аз қобилияту кордонӣ ва маҳорати хуби касбии устод-омўзгор маншаъ мегирад.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, бо масъулияти баланди ҳизбӣ бовар мекунонам, ки барои рушди босуботи соҳаҳои мамлакат, ҳифзи дастовардҳои нодири он- Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ насли наврасро дар рўҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дар ивази ғамхориву муроқибати Шумо ворисони лоиқи замонро ба ҷодаи зиндагӣ ҳидоят менамоем.

Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ
Моҳистон Азизова,
Раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Турсунзода

-М. Азизова дар баромади худ зикр намуд, ки бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, варзишгоҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва дар маҷмўъ таҳким бахшидани зиндагии орому осудаи мардум, ки аз барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеояд, дар шаҳри Турсунзода вусъати тоза пайдо карда истодааст.
Аъзою ҷонибдорони ҳизб ва мардум аз ҳар ташрифи муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба шаҳри Турсунзода рўҳу илҳоми тоза гирифта, пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Шумо қарор доранд. Иштироки муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар чорабинии умумиҷумҳуривӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврўз, ки соли сипаришуда дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, ба ҳамаи мо сокинони шаҳр неруи тоза бахшид. Мо ҳамагон бо даъватҳо ва ҳидоятҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ ҳамовоз гардида, чорабиниҳои таърихии кишварамон – 20- солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 – солагии Иҷлосияи тақдирсози Шўрои Олӣ ва дигар санаҳои сиёсию фарҳангии кишварамонро, ки таҳаввулот ва дигаргуниҳои куллиро дар мамлакат ба миён оварда, соҳибистиқлолии кишварамонро таҳким бахшид, таҷлил намудем.
Соли 2017 Соли ҷавонон ва имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, ки ҷавонони шаҳри Турсунзодаро рўҳбаланд намуда, иштироки фаъолонаи онҳоро дар таҳсилу касбомўзӣ ва ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар таъмин намуд. Мутмаинем, ки соли равон ба рушди соҳаҳои туризму ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар равон гардида, боз бо шарофати ин сол ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад. Дар айни замон 9 нафар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гимназияву литсейҳо ва коллеҷу омўзишгоҳҳо барандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 нафар барандагони стипендияи раиси шаҳр мебошанд.
Яке аз омилҳои асосие, ки мавқеи ҷавонон, муносибати онҳоро нисбат ба Ватан муайян мекунад, сатҳу сифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Вобаста ба ин масъала, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар қаламрави шаҳри Турсунзода корҳои таблиғотию ташвиқотиро роҳандозӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки шумораи зиёди ҷавонони шаҳри Турсунзода бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Дар даъвати тирамоҳии соли 2017 низ аз 272 нафар наваскарон зиёда аз 200 нафарашон ихтиёрӣ ба хизмати Модар –Ватан рафтанд.

Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ
Муслимахон Ҷамолиён, раиси КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд:

-Барои ман пеш аз ҳама ифтихору сарафрозист, ки ҳамчун роҳбари сохтори ҲХДТ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар тарғиби сиёсати созандаи ҲХДТ, ки маънои тарғиби ғояҳои давлатдорӣ, ифодагари манфиатҳои миллӣ ва омили пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ буда, бо тасмиму ибтикори Шумо Ҷаноби Олӣ ба миён омадааст сазовори боварӣ гардида, дар ин кор масъулиятро ба зимма дорем.
Мо дар фаъолияти кориамон ҳамеша талош менамоем, ки ба таври огоҳона ҳар шаҳрванд, новобаста аз ин ки чӣ мақому вазифа ва дар чӣ ташкилоту муассиса кор мекунад, агар мавқеи сиёсиашро муайян кардаву ҳамсафи мост - дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи гиромидошти арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва давлати демократӣ, амалӣ намудани ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои азизамон мушаххас гардидаанд, ҳисса гузорад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон соли 2017 дар баробари татбиқи амалии иҷрои талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷумани 12-уми ҳизб ва Маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи марказӣ ва тавсияву супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, маҷмўи чорабиниҳоро бахшида ба Соли ҷавонон ба масъалаи тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, силсилаи чорабиниҳо ва тадбирҳоро тарҳрезӣ ва амалӣ гардонид.
Иқдоми бузургу беназири Шумо Ҷаноби Олӣ воқеан ҳам як инқилоби маънавию фарҳангие аст, ки дар як муддати кўтоҳ тағйироти куллиро дар беҳдошти зиндагии сокинони мамлакат ба миён оварда, омили раҳоии мардум аз вартаи хурофоту ҷаҳолат гардидааст.
Мо дарк менамоем, ки гиромидошти анъанаҳо ва санаҳои таърихӣ ва пайравӣ аз расму оини навин, ки аз мазмуну моҳияти истиқлолият бармеояд, аз масъалаҳои муҳими густариши фарҳанги миллӣ аст. Аз ин рў, таҷлили идҳои умумимилливу умумиҷумҳуриявӣ ва ҷашнҳое, ки барои халқи мо аҳамияти бузурги таърихӣ доранд, омилҳое ҳастанд, ки метавонанд дар шуури шаҳрвандон, махсусан насли наврас эҳсоси ватанпарастӣ, густариши худшиносӣ, ифтихори миллӣ, боз ҳам мустаҳкам шудани ваҳдату якдигарфаҳӣ заҳмати ҳалол муосидат намоянд. Ин чорабиниҳо мардуми шарафманди Ватани азизамонро водор месозад, ки бори дигар дар зери Ливои Ватан бо ҳам оянду баҳри он бикўшанд, ки дар Тоҷикистони азизамон пешравиҳои аз ин ҳам бештару беҳтари иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳанги ба миён оянд.
Ҷавҳари талошу заҳматҳои мо ва кору фаъолиятамонро дар марҳалаи имрўзаи зиндагӣ ба мардум ва пеш аз ҳама ба аъзои ҳизбамон, таҳкими суботу амнияти комил, фаҳмонидани моҳияти сиёсати имўзаи давлату ҳукумати мамлакат, ки аз ҷониби Бунёдгузори давлатдории муосири миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ташкил медиҳад. Ҳадафи асосии он таъмини зиндагии шоиста ба ҳар сокини кишвар аст.
Бо дарку эҳсоси ин масъулият кўшиш менамоем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Шумо Ҷаноби Олӣ фаъолиятамонро вусъат бахшида, ҳамаи он масъалаҳое, ки имрўз дар назди ташкилотҳои ҳизбӣ гузоштаед ва муҳимтарин масъалаҳое, ки зимни Паём дар Маҷлиси Олӣ таъкид гардидаанд, бо азму ирода фаъолият намоем.

Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ

Исоқов Баҳодур, роҳбари
ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сафед – дара”-и ноҳияи Варзоб

Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун ва шаклу намудҳои фасеҳи хизматрасонӣ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Имрўз дар иқтисоди ҷаҳонӣ бозори сайёҳии ҳам байналмилалӣ ва ҳам дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо кардаанд.
Маҷмааи лижаронии “Сафед – дара” бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Шумо Ҷаноби Олӣ, ки аз он чанд маротиба дидан намудаед, имрўз таваҷҷуҳи ҳам сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷиро ба худ ҷалб намуда истодааст. Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тасмим гирифтаем, ки аз ҳамин сол маҷмааи лижаронии “Сафед – дара” фаъолияти худро на танҳо дар фасли зимистон, балки тамоми сол ба роҳ монад. Аз ҷумла, мо нақша дорем дар фасли тобистон истироҳатгоҳи тобистонаи кўдаконаро ифтитоҳ намоем, то онҳо тавонанд дар таътили тобистонаи мактабӣ дар маҷмааи мо истироҳат намоянд. Ғайр аз ин, дар фасли тобистон мо нақша дорем мактаби аспсавориро низ ба роҳ монем, ки ин дар фаъолияти кории мо нахустин мебошад.
Мо фаъолияти кориамонро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Шумо ба роҳ монда дар баробари ин тавассути ташкилоти ибтидоии ҳизбиамон, ки аз таъсиси он инак як сол сипарӣ шуда, 60 нафар аъзоро дар бар мегирад корҳои таблиғотиву соатҳои сиёсӣ низ баргузор менамоем. Мақсад аз ин фаъолиятҳо ба кормандони Маҷмаа ва пеш аз ҳама ба аъзои ҳизбамон фаҳмонидани моҳияти сиёсати имрўзаи давлату ҳукумати кишвар, тақвияти маърифати сиёсиву маънавӣ ва огоҳии ҳарчи бештар аз таҳаввулоту рўйдодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Кишвари азизи мо - Тоҷикистон метавонад дар ояндаи наздик ба зиёратгоҳи сайёҳони олам мубаддал шавад. Барои ноил гардидан ба ин, пеш аз ҳама ба хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонпазироӣ бояд, диққат диҳем. Бо як ҷаҳон сипос иброз менамоям, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Шумо ҳоло имкони рушди соҳаи сайёҳӣ ба миён омадааст.
Хушбахтона аз назари коршиносони варзидаи байналмилалӣ, роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кишвари мо яке аз амнтарин кишвар дар дунё эътироф гардидааст. Ин муҳимтарин омил барои вориди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо хоҳад гардид.
Дар асоси ҳамаи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, хусусан он вазифагузориҳое, ки имрўз дар назди ташкилотҳои ҳизбӣ гузоштед, амал намуда, талош менамоем, ки истироҳату сайёҳатро ба ҷузъи фарҳанги миллӣ ва одати ҳамешагии шаҳрвандон мубаддал намуда, бо ин роҳ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандўстиву ватанпарастии шаҳрвандони мамлакат ҳиссагузор бошем.
Музокираҳо аз рўи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии КИМ ХХДТ
Аловуддин Амирзода,
ТҶҶ ”Созандагони Ватан”-и вилояти Хатлон:

Ман ҳамчун намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва омўзгори ҷавон аз Суханронии Пешвои миллат дар ин маҷлиси бошукуҳ рўҳу илҳом гирифта, пеш аз ҳама аз роҳбару Пешво, ки кафили сулҳу амният ва гарави ҳама гуна пешравиҳост, ифтихор мекунам.
Мувофиқ ба ин ҳадафҳо созмони ҷавонони ҳизб имрўз ба ниҳоди сафарбаркунандаи нерўи пурқуввати ҷавонони бунёдкор табдил ёфтааст, ки ин ҳама аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат башорат медиҳад. Аз номи кулли аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти “Созандагони Ватан” барои дастгирию роҳнамоии падарона ва дар ин замина эълон доштани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем. Воқеан, эътимоди бузурги Шумо Пешвои миллат ба мо ҷавонон нерўву тавон мебахшад ва мо дар навбати худ мекўшем дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои олии давлатсозии миллӣ масъулияти дучанд нишон диҳем.
Соли 2018 барои ҳизбиёни вилоят Соли тақвияти робита бо маҳал эълон гардидааст. Дар доираи ин иқдом ҳамарўза дар деҳаву маҳаллаҳо дар баробари дигар масъалаҳои мубрам вобаста ба мавзўи рушди сайёҳӣ ва аҳамияти ривоҷ додани ҳунарҳои мардумиву корҳои хонагӣ вохўриву суҳбатҳо ва чорабиниҳои мухталиф баргузор шуда истодаанд.
Созмони ҷавонони ҳизб “Созандагони Ватан” бахусус дар вилояти Хатлон сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерўи барқ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвари мо мамнуъ, пешгирӣ аз таассуби динӣ ва бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, огоҳ кардани ҷомеа аз хатарҳои истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ, фаҳмондани зарару оқибатҳои даҳшатбори нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ, ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ва хоҷагидорию кишоварзӣ ва баланд бардоштани нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар баробари кормандони ҳизбӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.
Мо комилан, бидуни ҳеҷ гуна шубҳа гуфта метавонем, ки дар мактаби “Созандагони Ватан”-и ҲХДТ ҳамчун пайравони воқеии Пешвои миллат ташаккул ёфтаем. Роҳи ягонаи мо созандагию бунёдкорист. Роҳест, ки Шумо, Пешвои миллат онро бароямон нишон додаед.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: