Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 23- феврал – Рўзи муҳофизони Ватан АРТИШ – МАКТАБИ МАТОНАТУ МАРДОНАГӢ

23- феврал – Рўзи муҳофизони Ватан АРТИШ – МАКТАБИ МАТОНАТУ МАРДОНАГӢ

22-02-2018, 10:13
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
23- феврал – Рўзи муҳофизони Ватан  АРТИШ – МАКТАБИ МАТОНАТУ МАРДОНАГӢ
Ба таъсисёбии Артиши миллӣ 25 сол пур мешавад. Тайи ин солҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рисолати муқаддаси худро баҳри ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон бо устувориву фидокорӣ ба ҷо меоранд. Дар ин муддат Артиши миллии ба мактаби бузурги тарбияи ватандўстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.
23 феврал - иди касбии муҳофизони Ватан, барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва барои ҳар як шаҳрванди бо ору номуси кишварамон санаи муҳиму пурифтихор аст. Суҳбате, ки бо муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Латифзода Асрор Қурбон доштем, паҳлуҳои гуногуни раванди бунёдкориҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.

- Муҳтарам Асрор Қурбон, сараввал дар симои Шумо тамоми родмардони Ватан – хизматчиёни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо иди касбиашон шодбош мегўем. Мо, ки дар арафаи таҷлили иди касбии муҳофизони Ватан қарор дорем, нахуст рў меоварем ба таърихи таъсисёбии он.
- Ташаккур. Агар саҳифаҳои таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро варақ занем, мебинем, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ сарфи назар аз он, ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол бо заҳмату талоши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ, дар шароите, ки барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, шурўъ кард. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ се давраро дар бар мегирад. Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли Артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омўзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанўз идома дорад. Даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад.

-Шумо дар мавриди татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар чузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ёдовар шудед. Дар ин маврид то кадом андоза Артиши миллиамон ноил гаштааст?
-Шароити пешрафти босуръати ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар тамоми соҳаҳо таҷрибаҳои пешқадамро ҷорӣ намоем. Бо ҳидояту талошҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири мудофиа муҳтарам Шералӣ Мирзо айни замон Вазорати мудофиаи ҷумҳуриамон бо зиёда аз 50 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомўзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кўмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, Вазорати мудофиа ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кўшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш медиҳад
Инчунин, зикр намудан бомаврид аст, ки имрўз дар сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва Академияву омўзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рўи 17 ихтисос хатм менамоянд, наздики 4 ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии ҷумҳурӣ шомил гардидаанд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд.

-Тавре мо иттилоъ дорем, 20-уми феврали соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расид. Мехостем, аз ҳадафу ҷараёни татбиқи Консепсияи мазкур дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва умуман вазъи имрўзаи ташкили корҳои сиёсию тарбиявӣ маълумот диҳед.
-Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ маҷмўи ғояҳо ва ақидаҳои муосир дар самти корҳои сиёсию тарбиявии мақсаднок дар байни ҳайати шахсӣ мебошад. Мақсади асосии Консепсия муайян намудани тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, таъмини вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷомеа мебошад.
Дар маҷмўъ Консепсия вазифаву самтҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин намудҳои корҳои сиёсию тарбиявӣ ва технологияи педагогии тарбияи ҳайати шахсиро муайян намудааст. Асоси корҳои сиёсию тарбиявиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, тайёр будан ба муҳофизати манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Айни замон, Консепсия чун як барномаи мукаммали корӣ дастури амали тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қарор гирифтааст ва дар ин замина дар қисмҳои низомӣ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд. Барои амалӣ намудани чунин корҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат мавзеъҳои истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё гаштааст.
Илова ба ин, аз ҷониби масъулон дастурамалҳои методӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ба табъ расонида шуда, барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандўстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ташкилу баргузории маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандўстии сарбозон нақши калон доранд, ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш амал мекунад. Клуби мазкур яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил мебошанд, ки онҳо аз рўи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ зинаҳои ифтихориро соҳиб шудаанд. Варзишгарони Клуби марказии варзишии артиш баҳри ривоҷу равнақи варзиши ҳарбӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Барои рушди варзиш миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳама қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва барои обу тоби бадан дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки чунин шароитҳо имкон медиҳад, машғулиятҳои ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи лозима ташкилу ба роҳ монда шаванд.

-Дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, баланд бардоштани тарбияи ҳарбию ватандўстӣ дар қатори Вазорати мудофиа дигар сохторҳои давлатӣ низ масъул мебошанд, зеро баланд бардоштани тарбияи ҳарбию ватандўстӣ фаъолияти муштараку байнисоҳавии сохторҳои дахлдори кишварро талаб менамояд. Дар ин маврид андешаи Шуморо донистан мехоҳем.
-Дуруст қайд кардед. Аввал ин ки тарбияи насли солим, ҷисман обутобёфтаву соҳибхирад, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ масъулият нисбат ба фардои Ватан як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад, аз ин рў дар ин боб ҳеҷ фард, умуман ҷомеа набояд бетараф бошад. Маҳз шахси воқеан ватандўст метавонад дилсўзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин намояд.
Пўшида нест, ки чанд сол қабл ҳолатҳои саркашӣ намудани ҷавонон бо ҳар баҳона аз хизмати Ватан-Модар мушоҳида мегаштанд ва тавре худи ҳамдиёрон шоҳиданд, имрўз ҷавонони мо бо як ҳисси баланду масъулиятшиносӣ дарк намудаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандонаи онҳост. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон низ маҳз аз ҳамин иборат аст. Имрўз ҳангоми ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Роҳбари давлат ба ташвишҳои зиёд нигоҳ накарда, ҳатман аз аҳволи ҷавонон бохабар мегарданд, бо онҳо суҳбатҳо анҷом медиҳанд, пешниҳоду дархостҳояшонро мешунаванду баҳри иҷрояшон масъулонро вазифадор менамоянд. «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 исботи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбат ба ин қишри бузурги ҷомеа аст.
-Дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар катори дигар соҳаҳо дар назди хизматчиёни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат як қатор вазифаҳоро гузошта, зиракии сиёсии насли ҷавонро махсус таъкид карданд. Шумо, ки дар мақомоти соҳаи кор бо ҷавонон солҳои зиёд фаъолият доштед, дар ин маврид чӣ андеша доред?
-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастурамали босамари фаъолияти давлат дар сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон махсус таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандўстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми моро халалдор намояд. Аз ин рў, Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рўзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд, чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад, зеро ин қувва, сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як давлатро таъмин менамояд.
Дар мавриди баланд бардоштани зиракии сиёсии насли ҷавон ва пешгирии ҷавонон ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин мушкилот бесабаб нест. Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гаштанд, ки Сурия, Ироқ ва Афғонистон гирифтори бозиҳои абарқудратҳо шуда то имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми талоши худро барои барқарорнамоии сулҳ ва субот дар ин мамлакатҳо равона карда истодаанд, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст. Бинобар ин, мо бояд бепарво набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ талош варзем.
Мутаассифона, имрўз бинобар камтаҷрибагӣ далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротагаро мепайванданд. Ин ҳолат бозгўи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанўз аз костагиҳо орӣ нест. Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар он, миёни ҷавонон тарбияи ватандўстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем.
Умуман, мо-насли калонсол барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандўзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон бояд пайваста кўшишу мусоидат намоем. Яке аз вазифахои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омўзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа ин аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад.
Дар баробари ин, дар навбати худ насли ҷавон бояд фаромўш насозад, ки имрўз ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Онҳоро лозим аст, бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомўзиву рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.
Бо ҳидояту роҳнамоии падаронаву дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри зиндагии боз ҳам арзанда талош варзем.
Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда. рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
- Барои суҳбат ташаккур.
Алӣ Ҷўра,
Мавлон ШАРИФОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: