Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём – Бахтномаи айём

Паём – Бахтномаи айём

12-02-2018, 09:34
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Паём – Бахтномаи айём
Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади пиёда сохтани супоришу дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият бахшидан ба он, ки аз нуктаҳои меҳварии Паёми навбатӣ ба мардуми кишвар бармеояд, тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии «Маҳастии Хуҷандӣ» конференсияи илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Паём – Бахтномаи айём» баргузор гардид.
Занони фаъоли ҳизб шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва иқдому тадбирҳои маънавиасосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омада, дар ҳошияи Паём намоиши ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузошта, духтарону бонувонро ба меҳнатдӯстӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят намуданд, зеро ба ақидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».
«Дар маҷмӯъ , дар ҳолати фароҳам овардани шароити мусоид баъзе аз ҳунарҳои миллии аз хотирҳо рафта, ки аҳён – аҳён дар зеҳну шуури модарону духтарони мо боқӣ мондааст, аз нав эҳё гардида, рушд ёфта, дар арсаи ҷаҳон барои муаррифии фарҳанги тоҷик хидмати шоиста хоҳад намуд», - иброз дошт дар баромади хеш мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: