Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе

13-02-2018, 16:32
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Дар асоси лоиҳа, ки бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода шудааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд.
Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар ин иншооти бузург беш аз 350 нафар коргарон фаъолият доранд. Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ — пудратчии асосӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “СТС — Иншоот” ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи бинокоронро бештар ба иҷрои босифати корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунии атроф ва ҳудуди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе ҷалб намуданд. Дар ин ҷо бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 1000 адад дарахтони зебои гулкунандаи ороишию нодир, инчунин гулу буттаҳои хушбӯй шинонида мешаванд, ки ба ин мавзеъ ҳусн мебахшанд ва ҳам ба саломатии одамон фоидаоваранд.
Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.
Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст. Ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.
Ба андешаи Президенти мамлакат, иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо ҷараёни корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: