30 нафар мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида шуд6-08-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Дар ин давра 283 арзу шикоят ба мақомоти прокуратураи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дохил гардид, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 38,8 фоиз зиёдтар аст. 13 маротиба иҷроиши қонун дар алоқамандӣ ба арзу шикояти шаҳрвандон дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю ташкилотҳо санҷида шуд. 30 нафар шахсони мансабдор барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
179 санҷиши прокурорӣ дар самти назорати умумӣ гузаронида шуд. Нисбати 480 нафар парванда, аз ҷумла 42 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуданд. Ба давлат, корхонаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон 12,3 миллион сомонӣ зарари расонидашуда барқарор гардид. Дар ҷараёни санҷишҳои марбути қонуншиканӣ оид ба замин нисбати 16 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз баён шуда, 33 қарори ғайриқонунӣ қабулгардида бекор карда шуданд. Вобаста ба худсарона ишғол намудани замин ва сохтмон 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.