Қабули Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"9-12-2015, 13:55
Хабарро хонданд: 451 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро қабул кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист. Ӯ гуфт, ки таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва пешвоёни миллат дар кишварҳои дигари дунё низ вуҷуд дошта, аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳояшон ҳеч осеб надидааст. «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва ватани мо хизмати бузург кардааст. Ӯ ба ин эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзи ин дастовардҳо ниёз доранд», - тазаккур дод Ш. Зуҳуров. Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам маърӯза намуда, қабули Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат "- ро тарафдорӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки дар ҳақикат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст ва барои миллати тоҷик корҳои зиёдеро анҷом додааст. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.