Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Тошкент23-06-2016, 14:30
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
23 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гардид.
Дар фурудгоҳи Тошкент Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳою ҳукуматҳои аъзо ва нозир ба пойтахти кишвари мизбон шаҳри Тошканд ташриф оварданд. Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони аввали як қатор кишварҳои аъзо ва давлатҳои нозир ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод. president.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.