«Паём – барномаи амалии мост!»28-12-2017, 14:19
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёну фаъолони ҲХДТ чорабиниҳо роҳандозӣ карда шудааст. Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи Ҳукумаи шаҳр, дирўз зери мавзӯи «Паём – барномаи амалии мост!» чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси ҲХДТ Раънои Бобоҷиён ва меҳмонони фахрӣ Адолат Рахмонова, Рафиқа Мусоева, Гулафзо Савриддинова, Муродулло Маҳмадалӣ иштирок дошта, нуқтаҳои Паёмро шарҳ доданд. Аз ҷумла ёдовари карда шуд, ки иқдомҳои Пешвои миллат, чун дигар иқдомҳои некаш барои ҳар як сокини ин диёри кӯҳанбунёди мо мояи ифтихору сарбаландӣ аст. Ва ин бори дигар ифодагари он аст, ки Сарвари ғамхори мо бевосита ҳимояткунандаи манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошанд ва ҳар иқдому пешниҳоде, ки менамоянд аз ҷониби халқ ба хуби пазироӣ меёбад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.