Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Қадршиносӣ

20-12-2017, 10:57
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Қадршиносӣ
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 деҳаи Даштикони ноҳияи Деваштич вохўрии хонандагон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо муҳофизони сохти конститутсионии ноҳия баргузор гардид. Ҷамъомадро сарвари муассиса Карим Холматов кушода дар бораи ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои ноҳияамон барои барқарории сохти конститутсинонӣ ҳарф зад. Инчунин иштирокчиёни ҷамъомад аз ҳодисаҳои нангини ҷанги бародаркуш сухан гуфта хонандагонро даъват намуданд, ки ҳамеша ватандўсту ватанпарвар, худшиносу худогоҳ бошанд. Муҳофизони Истиқлолу ваҳдати ватани хеш гарданд ва барои гулгулшукуфоии ватани маҳбуб камари ҳиммат баста бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд ва дар оянда барои пешрафту тараққиёти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Дар чорабинӣ раиси ташкилоти муборизони сохти конститутсионӣ дар ноҳия Ҳайит Туробов ба иштирокчии муборизаҳо барои пойдор намудани ҳукумути қонунӣ нишони сарисинагии «25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро супорид. Ин вохўрӣ хонандагонро бори дигар собит сохт, ки ҳамеша дар хизмати халқу ватани хеш бошанд.
Лоиқ Тўйчиев ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: