Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Соати сиёсӣ

19-12-2017, 08:58
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Соати сиёсӣ
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷиҳати баррасии масъалаи муҳиму доғи ҷомеаи инсонӣ-зуҳуроти терроризму экстремизм ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Бофанда” соати сиёсӣ доир намуданд.
Масъулин зимни баромад таъкид карданд, ки амнияти давлатҳо зери хатар ва фарҳанги миллатҳо таҳти омилҳои манфӣ қарор дошта, ба мавҷудияти онҳо халал ворид мегардад. Ҷиҳати ҳифзи амният, арзишҳои милливу мазҳабӣ, анъанаву суннатҳои неки ниёгон зиракию бедории сиёсиву фарҳангиро бояд аз даст надиҳем. Мавҷудияти миллат иртибот дорад ба ин мафҳумҳои волову муқаддас. Дар шароити ҷаҳонишавӣ аз ҳар як ҷавон талаб карда мешавад, ки ба ҳар гуна ақидаву, сиёсатҳои ғайр, ки бар зарари манфиатҳои миллӣ мебошанд, фирефта нашуда, дар ақидаҳаву фарҳанги қадимбунёди хеш, ки садсолаҳо такмил ёфтаву озмуда шудаанд, устувор бошанд. Хиёнат ба ин мафҳумҳо хиёнат ба Ватан ва ба ниёгони хеш аст. Хиёнат амали ғайриинсонӣ ва нобахшиданист.
Дар мавриди вайроншавии оилаҳои ҷавон низ таъкид гардид, ки имрӯз ин раванд ҷомеаро нигарон карда, аз волидайн, устодон ва ҷавонон таваҷҷуҳ ва назари ҷиддӣ мехоҳад. Анъанаҳои неки оиладории тоҷикон, ки боиси омӯзишу ибрати бисёре аз халқияту миллатҳост, имрӯз коста гардидааст. Бояд назаре ба ҳаёту рӯзгори осоиштаи бобоёну падарони хеш дошта бошем ва аз ҳаёти онҳо дарсу ҳикмат бигирем.
Дар фарҷом ба 10 нафар кормандон, ки ба узвияти ҲХДТ шомил гардидаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супурда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: