Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Байтулмуқаддас аз кист?

Байтулмуқаддас аз кист?

14-12-2017, 15:32
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Байтулмуқаддас аз кист?
Ҷойгоҳи Иерусалим – Байтулмуқаддас то кунун ба ҳадде мушаххас буд. Онро ҳам Исроил ва ҳам Фаластин аз худ медонистанд. Аммо дар мавриди пойтахти яке аз ин ду кишвар шудани он баҳсҳо дар доираи гуфтушунидҳои дуҷониба буд. Мавзўи сарнавишти ин гўшаи барои ҳамаи мўминон, аз ҷумла масеҳиён ва ҳам мусалмон гиромӣ ба таври содда баррасӣ намешуд. Вале президенти ИМА Доналд Трамп якбора гирифту онро ба Исроил дод, ки боиси эътирозҳо дар саросари дунё шуд.
Раҳбари Америка гўё бо истифода аз салоҳияти худ қонуни Конгресси ИМА – ро дар мавриди аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас кўчонидани сафорати кишвараш иҷро кард. Ин қонун ҳанўз соли 1995 қабул гардида буд ва раҳбарони пешини Америка ҳар бор пас аз интихоб шудан ба мақом иҷрои онро ба таъхир мегузоштанд.
Дар маҷмўъ вокуниши ҳамаи муттаҳидони ИМА, ба истиснои худи Исроил ба ин иқдоми Трамп манфӣ буд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, сарвазири Британия Тереза Мэй ва президенти Франсия Эммануэл Макрон ҳам аз ин тасмими президенти Америка норозигӣ карданд.
Раҳбари идораи худмухтори Фаластин Маҳмуд Аббос аз ҷумлаи онҳое буд, ки фаврӣ дар ин бора изҳори назар кард ва пайомадҳояшро барои минтақа ва дар ниҳоят ба тамоми сайёра ҷиддӣ хонд.
Ў гуфт, ки Вашингтон дигар наметавонад яке аз кишварҳои миёнарав дар раванди сулҳи Ховари Миёна бошад.
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт: «Байтулмуқаддас хати сурх барои мусалмонон аст. Мо бинобар ба миён омадани ин масъала дар фикри қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Исроил ҳастем».
Раҷаб Эрдуғон дар ин робита хостори даъвати ҳамоиши фавқулодаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ шуд. Қарор аст, ин ҳамоиш 13 декабр баргузор гардад.
Вале сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу амалкарди президенти Америкаро «таърихӣ» ва қадами муҳим барои расидан ба сулҳ номид. Дар ҳоле, ки роҳибони ибодатгоҳҳои Йерусалим ба навбати худ изҳор доштанд, ки аз ин тасмим норозианд ва дар як баёнияи муштарак ҳушдор доданд, ки тағйири мақоми ин шаҳр «боиси зиёд шудани душманӣ, низоъҳо, зўроварӣ, дар сарзамини муқаддас мешавад ва ваҳдати пайравони адёнро аз байн бурда аз ҳам дур мекунад».
Баъзе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки америкоиҳо боз як бомбаи дертаркандаро ба Ховари Миёна партофтанд.
Ба андешаи онҳо, Трамп бо тасмими худ ҳадди ақал 20 фоизи мардуми ҷаҳонро ба хашм овардааст.
Президенти Русия Владимир Путин, ки дар баъзе хабарҳо гуфта мешуд, америкоиҳо гўё ўро дар гузашта мавзўи кўчонидани сафорати Америка дар ҷараён гузоштаанд, бо Раҳбари Фаластин телефонӣ суҳбат намуда, бар зарурати аз роҳи музокирот ҳал кардани ин таъкид намуд.
ВКХ Русия ҳам дар баёнияе гуфт: «Мавзеи нави Америка дар мавриди Байтулмуқаддас, дар маҷмўъ вазъияти минтақаро печидатар мекунад ва заминаро барои гуфтушуниди Фаластину Исроил аз байн мебарад. Бинобар ин мо аз тарафҳои дахлдор даъват мекунем, ки аз таҳаммул кор гиранд. Ба таъмини дастрасии озоди ҳамаи мўминон барои зиёрати ҷойҳои муқаддаси Йерусалим бештар таваҷҷуҳ нишон диҳанд».
Вале дар пайи эълони тасмими Америка вазъият якбора дар Байтулаҳм, Рамулло, Ҳуброн ва чанде аз шаҳрҳои дигари соҳили ғарбии Урдун бад шуд ва байни ҳарбиёни фаластиниву исроилӣ задухўрд ба амал омад. Дар задухўрди миёни низомиёни Исроил дар яке аз минтақаҳои марзӣ дар шарқи шаҳри Ҳонони Юнис (навори Fазза) чанд нафар маҷруҳ шуданд.
Яке аз раҳбарони мазҳабии Фаластин мардумро рўзи ҷумъа ба намоиши эътирозӣ даъват намуд…
Аз эътирозу изҳори назарҳо маълум мешавад, ки ҳамаи раҳбарони аҳли суннат ва шиа дар ин масъала мавзеъ ва ақидаи муштарак доранд. Аксари соҳибназарони мусалмон пайомади тасмими раҳбари Америкаро хатарнок дониста таъкид бар он доранд, ки аз нигоҳи таърихӣ Йерусалим пойтахти се дини иброҳимӣ – Яҳудият, Масеҳият ва Ислом шинохта шуда, табдил додани он ба пойтахти идораи сиёсии як кишвар амали кўтоҳандешона мебошад.
Яков Кедми, соҳибназари яҳудӣ ҳам иқдоми Трампро ҳайратангез дониста афзудааст, ки «аз баёнияи раҳбари Америка маълум нест ў кадом Йерусалимро ба унвони пойтахти Исроил эътироф мекунад?». Ў ёдовар шудааст: «Нозукӣ дар он аст, ки ба нигоҳи исроилиҳо Йерусалим пойтахти ягона ва ҷудонопазири Исроил аст. Аммо аз нуқтаи назари ҷомеаи байналдмилалӣ Йерусалим ба ду қисмат ҷудост, ғарбӣ, ки ба Исроил тааллуқ дорад ва шарқӣ, ки аз Фаластин аст.
Ба ақидаи ин коршинос, америкоиҳо ҷасорати эътирофи Йерусалими Шарқӣ ба унвони пойтахти Исроилро надоранд, зеро чунин иқдом мухолифи қатъномаи СММ дар мавриди Фаластин хоҳад буд. Трамп ин нуқтаи назуки масъаларо дарк накардааст. Ин ҷо айби мушовиронаш ҳам ҳаст, ки ин мавзўро барои ў шарҳ надодаанд. Бинобар ин, ў мушаххас нагуфт, ки Иерусалими Fарбиро ба расмият мешиносад, ки дар ихтиёри Исроил аст ва даҳҳо идораҳои исроилӣ, аз ҷумла бинои ҳукумат ва парламент – Кнессет онҷо ҷойгир мебошанд.
Ба андешаи ў, кутоҳандешии Трамп боиси авҷ гирифтани тўфони хашм дар ҷаҳон ба хусус дар кишварҳои арабӣ ва норизоиятии муттаҳидон дар Аврупо ва кишварҳои дигар гардидааст, пайомади хубе на барои кишварҳои минтақа дорад, на барои суботи ҷаҳонӣ. Иқдоми раҳбари беандешаи Америка натиҷаи баръакс дод. Агар ў мехост, ки сафорати кишварашро ба Иерусалими Fарбӣ кўч диҳад, бояд ин корро бевоҳима анҷом медод. Консулгарии Америка дар ин минтақаи шаҳри Иерусалим кайҳо фаъолият мекунад, агар мехостанд танҳо пешнависи ин биноро иваз мекарданд ва тамом. Он гоҳ вазъият то ба ин ҳад ноором намешуд».
Баъзе аз коршиносон бо ришханд навиштаанд, ки президент Трамп боз ҳам тарафдорони русиягии худро хурсанд кард. Ў боз як голи зебо ба дарвозаи сиёсати хориҷии Америка зад. Ҳарчанд ў дар командаи Русия нест, вале бори чандум аст, ки ба дарвозаи худ гол мезанад.
Як рўз пас аз қарори президенти Америка дар робита ба эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил, 7 декабр дар ин кишвар эътирозу бетартибиҳо оғоз шуд.
Сабаб он буд, Доналд Трамп дастур дод, омодагӣ барои кўчонидани сафорати Америка аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас оғоз шавад. Бо ҳимоят аз қарори худ, ки мавриди танқиди шадиди бисёре аз мақомоти америкоӣ ҳам шудааст, гуфт: «Фурсати он расидааст, ки Байтулмуқаддасро расман пойтахти Исроил эътироф кунем».
Аммо Дабири кулли СММ дар шарҳи ин тасмим изҳор дошт, ки «зидди ҳар навъ иқдомҳои якҷониба аст, ки ҳалли осоиштаи баҳси фаластиниҳо бо исроилиёнро зери хатар қарор медиҳад».
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: