
Дар арафаи истиқбол аз 23-солагии ҲХДТ ба сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар оғози корҳои сохтмонии бинои ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев, раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Алихон Рамазон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Ҳайбуллоев Абдукарим ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Мувофиқи лоиҳа бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус аз ду ошёна ва иборат буда, фарогири 5 ҳуҷраи кориву толори маҷлисгоҳ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар се моҳи охир дар вилояти Хатлон ин чорумин бинои ҳизбӣ аст, ки (пас аз Кӯлобу Ёвону Норак) ба сохтмонаш оғози расмӣ бахшида шуд ва ҳизбиёни дигар шаҳру навоҳӣ низ тасмим доранд чунин иқдоми созандаро амалӣ намоянд.