Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дастаи «Хуҷанд» маротибаи чаҳорум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

Дастаи «Хуҷанд» маротибаи чаҳорум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

5-12-2017, 14:44
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
Дастаи «Хуҷанд» маротибаи чаҳорум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард
Декабрь 5, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 05.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Хуҷанд» бори чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, дастаҳои «Истиқлол»- и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳам рақобат карданд.

Гуфта мешавад, ки дар даври ниҳоии бозии футбол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дастаи Рустам Хоҷаев дастаи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Ин пирӯзӣ бо ба нишон расонидани тӯб аз ҷониби Манучеҳр Аҳмадов (дар дақиқаи 41-уми бозӣ) ва Ҳикматулло Расулов (дақиқаи 56) ба даст омад.

Дар ин бозӣ капитани дастаи «Хуҷанд» Манучеҳр Аҳмадов бозингари беҳтарин шинохта шуд.

Ҳамин тавр бозингарони дастаи «Хуҷанд» маротибаи чаҳорум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварданд. Аз ин пеш дастаи «Хуҷанд» солҳои 1997/1998, 2002 ва 2008-ум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: