Боздид аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ "Элегант"18-11-2017, 11:04
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
18.11.2017 10:02, шаҳри Бӯстон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ ва сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ расман оғоз бахшида, бо намунаи хонаҳои истиқоматии камхарҷи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" ошноӣ пайдо карданд. Пешвои миллат бо усули корӣ дар гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ шинос шуда, бо ташкилкунандагони ин навъи гармхона суҳбат оростанд. Тавре иттилоъ дода шуд, гармхонаи мазкур таҷрибавӣ буда, дар он маҳсулот бо усули гидропоникаӣ, яъне бе хок парвариш ёфта, аз ҳисоби нахҳои базалтӣ нашъунамо меёбад. Қобил ба тазаккур аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" истеҳсоли нахи базалтӣ буда, солона 14 ҳазор метри мукааб ин навъи ашёро истеҳсол менамояд. Феълан дар ин гармхона парвариши меваҳои тропикӣ, помидор, бодиринг ва лимӯ ба роҳ монда шуда, тибқи мушоҳидаҳо имконияти ба даст овардани ҳосили хуб мавҷуд аст. Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар оянда дар ин гармхона парвариши ҳама гуна сабзавот ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда мешавад. Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ 1800 метри мураббаъро ташкил дода, ҳамзамон дар масоҳати 1200 метри мураббаъ парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Дар дохили гармхонаи лимӯпарварӣ масъулин бо усули муосир қаҳвахонаи хурд бунёд кардаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, маблағи лоиҳавии гармхонаи мазкур 4,5 миллион сомониро ташкил дода, дар он 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар дохили гармхона тарабхонаи муосир, маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва ташхисгоҳи наву замонавӣ сохта шудаанд. Молу маҳсулоти гармхона ва дигар лавозимоти корӣ дар мағозае, ки дар ҳудуди иншооти мазкур бунёд ёфтааст, ба фурӯш бароварда мешаванд. Роҳбарияти корхона ба масъалаи омода намудани мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар дохили гармхона синфхонаи махсуси омӯзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки бо ҷалби кишоварзони ботаҷриба ба ҷавонон нозукиҳои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникаӣ омӯзонида мешаванд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" намунаи хонаҳои истиқоматии дуошёнаи камхарҷ ба Пешвои миллат муаррифӣ карда шуд. Тавре иттилоъ доданд, хонаҳои мазкур аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳамин корхона омода гардида, ҳам камхарҷ ва ҳам гарминигоҳдорандаанд. Барои сохтмони ин навъи хонаҳо плитаҳои минералӣ, ки аз нахҳои базалтӣ омода мегарданд, истифода мешаванд. Дар ин рӯз дар шафати гармхона сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ, ки барои сохтани хонаҳои истиқоматии камхарҷ истифода мегарданд, ба фаъолият оғоз намуд. Сехи мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ бо хати муосири истеҳсолӣ таъмин карда шудааст. Маҳсулоти коргоҳи мазкур мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ буда, ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда минбаъд ба фурӯш бароварда мешавад. Дар маҷмӯъ барои сохтмони гармхонаи таҷрибавӣ, намунаи хонаҳои камхарҷ, сехи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва ободонии гирду атрофи мавзеи мазкур бештар аз 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" харҷ гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки ҷамъияти номбурда дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон соли 2000-ум бунёд ёфта, ба истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва нахи базалтӣ машғул мебошад. Ба роҳ мондани фаъолияти гармхонаи инноватсионӣ қадами навбатие буд дар роҳи густаришу равнақ додани фаъолияти корхона. Бо ташкили гармхонаи мазкур теъдоди кормандони ҷамъият ба 200 нафар расонида шуд. Сарвари давлат ду маротиба-солҳои 2012 ва 2014 аз корхонаи "Элегант" дидан намуда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани сехи истеҳсоли сангҳои ороишиву истеҳсоли нахҳои базалтӣ иштирок карда буданд. Гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дорои имконияти хуб мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз густариш ёфтани фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани парвариши маҳсулот ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.