Шиносоӣ бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин”17-08-2017, 13:18
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
17.08.2017 10:22, ноҳияи Ҷайҳун
17 августи соли 2017 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” аз наздик шинос шуда, бо коргарону мутахассисони он суҳбати самимӣ доир карданд. Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Фирдавс Валиев таъсис ёфта, баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин истифодаи самараноки замин ба хотири беҳдошти зиндагии аҳолӣ, равона гардидааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” моҳи ноябри соли 2016 таъсис ёфта, ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, шолӣ ва гандум дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият дорад. Дар заминҳои Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парвариши шолӣ ва пахта аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти самараноки меҳнаткашони ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд доданд. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор то имрӯз 6 ҳазору 700 гектари он ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Дар заминҳои азхудкардашуда аз ҳисоби кишти ғалладонагиҳо ва пахта ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Дар Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” беш аз 2 ҳазор нафар бо кор таъмин мебошанд. Соли 2015 Президенти мамлакат дар доираи амалӣ кардани “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” дастур доданд, ки майдони 8 ҳазору 874 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ дароранд. Дар натиҷаи истифодабарии техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ давоми солҳои 2015-2016 марҳила ба марҳила майдони зиёда аз 6 ҳазору 700 гектар заминҳои бекорхобида барқарор гардид. Баҳри амалӣ гардидани маҷмуъи корҳои барқарорсозӣ дар заминҳои ҷудогардида аз тарафи ҷамъият 220 адад техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ, сохтмонию гидромелиоративӣ ва ғайра ворид карда шуд. Дар Иттиҳоди Аграрии «Водии заррин» се намуди маҳсулот ғалла, шолӣ ва пахта бо усули муосир кишт ва обмонӣ мешаванд. Президенти мамлакат истифодаи усули нави обмонӣ ва ҷорӣ намудани онро дар дигар хоҷагиҳо манфиатовар арзёбӣ намуданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин усул об дуруст истифода гардида, шусташавии замин низ нигоҳ дошта мешавад. Соли ҷорӣ ҷамъияти мазкур дар майдони 2 ҳазору 21 гектар кишти маҳсулоти ғалладонагии гандум, 1 ҳазору ҳаштсаду се гектар пахта, дар майдони 2 ҳазору 870 гектар кишти шолӣ гузаронида, беш аз 2 ҳазор нафар сокинони маҳҳалиро бо кор таъмин карданд. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти пурсамару ибратбахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии коргоҳҳои пахтатозакунӣ, коркарди шолӣ ва истеҳсоли биринҷ, намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатиро тамошо карданд. Дар намоишгоҳ аз ҷониби хоҷагидорону деҳқонон ҳама намуди маҳсулот ба маъраз гузошта шуд. Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷумҳурӣ аз ноҳияҳои калони аграрӣ буда, шуғли асосии сокинонаш зироаткорӣ аст ва фаъолияти кишоварзонаш асосан дар самти парвариши сабзавоту полезӣ, шолӣ ва лиму миёни деҳқонони дигар ноҳияҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад. Соли равон аз ҳисоби ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ноҳия дар майдони зиёда аз 15 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногун, аз қабили ғалладонагӣ, полезӣ, сабзавот ва пахта кишт карда, дехконон бо истифодаи самараноку оқилонаи замин ба нишондодхои назаррас ноил мегарданд. Дар ҳамин ҷо баробари маҳсулоти кишоварзӣ ҳамзамон чорво ва техникаҳои гуногуни соҳавӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд. Дастовардҳои меҳнатии коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” ва нақшаҳои дурнамои корхона дар намоишгоҳ ҷойи махсусро гирифта буд, ки аз тарафи роҳбарияти хоҷагӣ муаррифӣ гардид. Фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияи Ҷайҳун давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳия ва коргарони корхона натиҷагирӣ карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.