Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР «ВАҲДАТ» АЗ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ СУХАН РАФТ

ДАР «ВАҲДАТ» АЗ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ СУХАН РАФТ

17-11-2017, 10:28
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
ДАР «ВАҲДАТ» АЗ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ СУХАН РАФТ

Бозори ҶДММ «Ваҳдат-и шаҳри Хуҷанд аз қабили маркази савдоест, ки дар онҷо асосан масолеҳи сохтмонӣ фурӯхта мешавад ва дар рӯзҳои ҷумъа аз кунҷу канори вилоят ба он ҷо маҳсулоти ҳӯрока ворид мегардад. Солҳои охир доманаи он васеъ гардида, асосан деҳқонон молу маҳсулоти худро ин ҷо меоранд. Бо мақсади ташвиқу тарғиби аҳамият ва нақши таърихии Иҷлосияи ХУ1 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили Рӯзи парчам мулоқоти озоду шаффофи раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар бо ҷомеаи кормандони ин бозор доир гардид.
Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар низ аҳамияти ин Иҷлосия таҳлилу баррасӣ шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки маҳз суханҳои боҳарорати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурге мебошад, ки барои дар рухи волои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, садоқату ифтихормандӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ, ба ору номус тарбия кардани натанҳо насли наврас, балки тамоми мардуми кишвар хизмати беҳамто ва беназири хешро мегузорад.
Аз тарафи дигар, ин таҷрибаи гаронмояи сарвари миллати тоҷик барои аҳли шахсияти сарони кишварҳои ҷаҳони имрўза шоистаи намуна ва ибратбахши сарварӣ ва рохбарии инсонгаронаю халқпарварӣ маҳсуб меёбад. Таърих гувохи он аст, ки миллатҳое, ки барои озодӣ, истиқлолияти хеш ва пойдории он мубориза набурдаанд, дар саҳифаҳои таърихи тамаддун ному нишон надоранд.
Чорабинӣ дар фазои хештаншиносиву худогоҳӣ анҷом пазируфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: