Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ХАБАРХО

9-11-2017, 10:08
Хабарро хонданд: 186 нафар
Назарҳо: 0
        ХАБАРХО
Хуҷанд:-Боиси сарфарозии мо ҷавонони кишвар аст, ки бо ташаббус ва иқдоми хирадмандонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ барои «Мактаби бозомӯзии захираи кадрӣ» - ро ба тариқи силсилалексияҳо дар мавзӯҳои мухталифи илмӣ-амалӣ роҳандозӣ намудаанд.
        ХАБАРХО
Аз ин лиҳоз, санаи 7 ноябр семинари мазкур дар атрофи ду мавзӯи мубрам «Нақши маориф дар таълиму тарбияи насли наврас» ва «Забони модарӣ пок ва муқаддас аст» доирг ардид, ки барои мо – тахассусмандҳои ҷавон хеле судманд буд. Хосатан, мавзӯи «Забони модарӣ пок ва муқаддас аст», ки аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд матраҳ гардид, хеле саривақтӣ ва пурмӯҳтаво буд, зеро дар ҳақиқат забон рукни асосии давлатдорӣ, ҳастии миллат ва асолати ҳарҳалқ ба шумор меояд.




хабар

        ХАБАРХО
Панҷ: Оиди иҷрои дастуру супоришҳои раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода А.Қ., ки аз протоколи ҷаласаи машваратии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 7 сентябри соли 2017 бар меоянд, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ҳайати Ҳошимов Т.- мудири шуъбаи ташкилӣ, Шукуров С.- сармуҳосиби КИН ва Атавуллоева З.- мудири бахши занон ва ҷавонони КИН ба мақсади ҳарчӣ бештару хубтар ба роҳ мондани кору фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизби дар ноҳия, ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани савияи маърифати сиёсии кадрҳои ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, омӯзиши кору фаъолияти онҳо санҷишҳои муштарак роҳандозӣ намуда истодаанд. Муҳтавои бештари ин санҷишҳо ноил шудан ба ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи ӯ ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бар меоянд, равона карда шудаанд. Ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати шаҳраки Панҷ ва «Ҷангал» мавриди омӯзиш қарор дода шуда, таваҷҷуҳи бештар ба кори Ситодҳои доимамалкунандаи ҳизбӣ ва ҷамъиятии таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ»-и ин ташкилотҳои ибтидоӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ бо ҳизбиён, аъзоёни ситодҳои кории ҳизбӣ, таблиғотчиён сӯҳбату вохуриҳо доир намуда, ба мутасаддиёни ташкилотҳои ибтидоӣ маслиҳатҳои методӣ оиди ҳуҷҷатгузорӣ мутобиқ ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб ва Оинномаи ҲХДТ, қабул ба сафи ҳизб, ҳаракати аъзоёни ҳизб, ба низоми муайян даровардани пардохти узвияти ҳизбӣ ва кумакҳои молиявӣ, ҳолати шиору овезаҳои ҳизбӣ, ҷиҳозонидани утоқҳои корӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.
Ҳамзамон, дар рафти фаҳмондадиҳӣ ташкилотҳои ибтидоӣ бо маводҳои таблиғотӣ ба монанди дастурамалҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, брошюраҳо, тақвиму буклетҳо таъмин карда шуданд.


КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Панҷ.
Атавуллоева З.

        ХАБАРХО
КӮЛОБ. Дар доираи тантанаҳои Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 500 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Нухуст, сухани шодбошӣ ба узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло дода шуд. Мавсуф ҳозиринро ба рӯзи таърихӣ табрик гуфта, дар суханронии хеш қайд дошт, ки рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади воқеан ҳам тақдирсоз ояндаи дурахшони ҷомеаи моро муайян намуда, чун роҳнамои давлати соҳибистиқлол дар рушду ободӣ ва оромии кишвар нақши муассир дорад.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ фаъолони шаҳр ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб бо Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии мазкур бо намоиши фарҳангии ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ҳусни анҷом бахшида шуд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: