Меъмори сулҳу Ваҳдати миллӣ27-10-2017, 08:44
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи тавсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва нақшаи муштараки намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва бахши ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ва расидан ба қадри арзишҳову рамзҳои муқаддаси давлативу миллӣ ва хизматҳои фарзандони шоистаи мамлакат дар қисми низомии 04533 намоиши филми мустанади «Эмомалӣ РаҲмон – меъмори сулҳу ваҳдат» баргузор гардид. Мариди зикр аст, ки филми мазкур таърихи начандон дури даврони истиқлолияти Тоҷикистонро таҷассум намуда, дар ботини тамошобин эҳсоси арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллии халқи Тоҷикистонро эҳё менамояд ва барои дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссагузор мешавад. Намоиши филми мазкур дар доираи роҳандозии иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан – рисолати мо ҷавонон» барпо гардида, инчунин барои сарбозон китобҳои бадеӣ низ дастрас карда шуд. Рухшона Ҷўраева – ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.